РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ ЗАБОНОМӮЗӢ
Дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо муҳим, балки ҳатмӣ гардидааст. Зеро тавассути забонҳои хориҷӣ мо метавонем маълумоти саҳеҳ ва адабиётро бо забони аслашон дарёфт карда, барои рушди шахсии худ истифода барем. Инчунин, донистани забонҳои хориҷӣ барои мо имкониятҳои нави кориро фароҳам меорад ва роҳро ба сӯи фаъолият дар сатҳи байналмилалӣ мекушояд.
Вале аз таҷриба мо муайян мекунем, ки қисми зиёди ҷомеа забонҳои хориҷиро намедонанд. Сабаби асосии ин дар кӯдакӣ наомӯхтани забонҳост, ки дар калонсолӣ боиси пайдо шудани монеаҳои равонӣ, камшавии имкониятҳои касбӣ ва мушкилӣ дар азхудкунии иттилооти нав мегардад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: чаро кӯдаки хурдсол нисбат ба калонсолон қобилияти бештари забономӯзӣ дорад? Чӣ гуна кӯдаке, ки ҳанӯз ҷумлабандии дурустро наметавонад, нисбат ба шахси калонсоле, ки дорои тафаккури стратегӣ аст, забонро зудтар ва беҳтар меомӯзад? Агар ин саволро аз шумо пурсанд, шояд гӯед: “Вай хурд аст, мағзи сараш тоза аст, зуд қабул мекунад” ва ғайра. Бале, ин фикрҳо дуруст ҳастанд, вале боз як нуқтаи дигар ҳаст, ки агар калонсолон онро ба назар гиранд, метавонанд дар баробари кӯдакон забонро зуд аз худ кунанд.
Психологияи шахси калонсол аз кӯдаки хурдсол фарқияти зиёд дорад. Мағзи сари кӯдак ҳар як маълумоти навро зуд ба худ мекашад. Кӯдак ҳанӯз аз гаҳвора ҳар як садову оҳанги овозро шунида, нозукиҳои онҳоро фарқ мекунад, дар ҳоле, ки одами калонсол ҳангоми шунидани калимаи хориҷӣ (агар он забонро надонад), шояд мансубияти онро муайян карда натавонад.
Дар илм ин падидаро “давраи ҳассос” (сенситивӣ) меноманд. Ин марҳилаест, ки мағзи инсон садо, оҳанг ва сохтори грамматикиро бидуни кӯшиши зиёд аз худ мекунад. Вақте мо кӯдаки сесолаеро мебинем, ки бо ду ё се забон озодона суҳбат мекунад, онро муъҷиза меҳисобем. Аммо дар асл ин натиҷаи як механизми мураккаби психологӣ мебошад. Бартарии асосии кӯдакон дар он аст, ки мағзи сари онҳо дорои дараҷаи баланди нейропластикӣ мебошад. Дар солҳои аввали ҳаёт дар мағзи сар, дар як сония ҳазорон пайвандҳои нави асабӣ - синапсҳо ба вуҷуд меоянд. Маҳз ҳамин раванд ба кӯдакон имкон медиҳад, ки забонҳои навро бе душворӣ ва зуд аз худ кунанд. Бо гузашти замон, вақте ки онҳо танҳо ба як забони мушаххас гӯш медиҳанд, мағзи онҳо ба ҳамон садоҳо мутобиқ шуда, қобилияти дарки садоҳои бегонаро гум мекунад.
Сирри асосии кӯдакон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷасорат ва натарсидан аз хато кардан аст, ки мутаассифона, аксари калонсолон ин қобилиятро гум кардаанд. Кӯдакон аз хато кардан ҳарос надоранд. Барои онҳо забон на фанни таълимӣ, балки воситаи муошират ва бозӣ аст. Вақте кӯдак калимаеро нодуруст талаффуз мекунад, ӯ эҳсоси шармандагӣ намекунад. Набудани тарс ба онҳо имкон медиҳад, ки онҳо доимо таҷриба кунанд ва биомӯзанд.
Калонсолон бошанд, аксар вақт аз сабаби тарси паст задани худшиносӣ ё мавқеи худ ва ҳарос аз зери ханда мондан, аз суҳбат худдорӣ мекунанд, ки ин раванди омӯзишро ба таври назаррас суст мекунад. Шахси калонсол кӯшиш мекунад, ки забонро тавассути имло ва қоидаҳо аз худ кунанд, дар ҳоле ки кӯдакон онро тавассути эҳсосот ва таҷрибаи мустақим қабул менамоянд.
Сирри дигари кӯдакон дар он аст, ки онҳо бо “забон” бозӣ мекунад. Барои онҳо ҳар як калимаи нав бозича аст. Шахси калонсол низ бояд усули бозиро ворид карда, ба ҷои азёд кардани рӯйхати калимаҳо, онҳоро бо эҳсосот ва ҳаракатҳои бадан истифода истифода кунад. Зеро мағзи шахси калонсол иттилоотеро, ки бо эҳсосоти қавӣ ё амали ҷисмонӣ алоқаманд аст, зудтар ва беҳтар ҳифз мекунад.
Дигар ҷанбаи психологӣ дар он аст, ки барои кӯдак забон воситаи зинда мондан ва қонеъ кардани ниёзҳои худ мебошад. Вақте кӯдак мегӯяд “Об!”, ин барои ӯ танҳо як калима нест, балки роҳи ба даст овардани об аст. Тамоми вуҷуди ӯ барои фаҳмидани муҳити атроф равона шудааст. Калонсолон забонро аксар вақт ҳамчун як чизи иловагӣ, мисли маҳфили шоҳмот меомӯзанд. Мо барои омӯзиш вақти махсус ҷудо мекунем ва пас аз дарс ба забони модарии худ бармегардем. Кӯдак бошад, шабу рӯз дар ин дарс ҳузур дорад. Инро “ғарқшавии куллӣ” меноманд. Мо метавонем инро дар ҳаёти худ бо иваз кардани забони телефон, тамошои филмҳо бе тарҷума ва суҳбат бо худ дар давоми рӯз такрор кунем. Мағзи мо бояд дарк кунад, ки ин забони нав барои «зинда мондан» дар ҷомеаи муосир зарур аст, на танҳо як вазифаи хонагӣ.
Дар ҷамъбаст ба саволи “чӣ тавр шахси калон метавонад мисли кӯдак забонро аз худ кунад?” чунин посух додан мумкин аст: пеш аз ҳама, бояд равиши омӯзишро дигар кард, кӯшиш намудан лозим аст, ки монеаҳои равонӣ ва эҳсоси тарсро аз байн бурда, ба худ иҷозати хато кардан диҳем. Омӯзиши забон набояд танҳо бо хондани китобҳои дарсии дилгиркунанда маҳдуд шавад. Бояд мисли кӯдакон дар муҳити забонӣ ғарқ шуд ва бештар гӯш кард, ҳатто агар дар аввал чизеро нафаҳмем ҳам. Маҳз гӯш кардан ва дарку қабули садоҳо заминаи суҳбати ояндаро мегузорад.
Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,
донишҷӯи курси 3-и ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng