ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ, ҲУВИЯТ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ
Парчам яке аз муқаддастарин нишони давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии миллат ба шумор меравад. Дар тули таърих афтидани он ба дасти душман нишонаи шикаст ва суқути давлат ҳисоб мешуд. Дар майдонҳои ҷанг парчамдор - шахси далеру паҳлавон, дар ҷои баланд меистод ва неруи руҳию маънавии сипоҳро қувват мебахшид. Дидани парчам барои сипоҳиён ифодагари ҳаёт, нангу номус ва идомаи мубориза буд.
Одатан, парчамро дар қаср ё назди тахти шоҳ меафрохтанд, аммо дар замони ҷанг онро дар баландтарин нуқта бармегузоштанд, то аз ҳар ҷониб намоён бошад.
Таърихи парчами тоҷик беш аз 4500 солро дар бар мегирад. Манбаъҳои бостонӣ тавлиди нахустин дирафшро ба замони шоҳ Фаридун нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Коваи Оҳангар ҳангоми қиём бар зидди Заҳҳоки морон пешдомани чармини худро бар найза баст ва бо мардуми зиёде назди Фаридун рафт. Фаридун онро бо рангҳои сурху зарду бунафш ва ҷавоҳирот ороста, «Дирафши Ковиён» ном ниҳод.
Ривояти дигар мегӯяд, ки Фаридун бо гурзи говсар ба набард мерафт ва дар дирафшаш бо оби тилло сурати гов кашида мешуд. Азбаски гов дар эътиқоди ориёӣ рамзи нерумандӣ ва ҳаёт маҳсуб мешуд, ин тасвир дар сутунҳои қасри Ҷамшед (Персиполис) низ мавҷуд буд.
Вожаи «дирафш» аз решаи «дурухш» - нур, равшанӣ ва дурахшидан бармеояд. Рангҳои он низ маънои рамзӣ доштанд: сурх - ҳаёту ҷасорат, зард - покӣ ва насли ориёӣ, бунафш - иртиботи замину осмон.
Абурайҳон Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, ки баъзе дирафшҳоро аз пӯсти хирсу шер месохтанд ва бо ҷавоҳирот меоростанд. Тибқи навиштаҳои муаррихони юнонӣ, дар дирафши Дорои III низ сурати мурғи Фарғин (ҳумо) тасвир ёфта буд. Ин анъана то давраи Сосониён идома кардааст.
Дар «Шоҳнома» зикр мегардад, ки дирафши Ҷамшед аз пӯст бо нақши шери болдор ё Офтоби партавафшон буд, дар ҳоле ки дирафши Заҳҳок сурати ду мор дошт.
Дирафши каёниён - парчами умумии давлат, аз чарм бо се ранги асосӣ омода мешуд. Онро дар ҷанг лашкаркаши номдор – Тус муҳофизат мекард.
Аммо ҳар паҳлавон низ парчами шахсии худро дошт. Масалан, дирафши Гударз бо сурати шер буд, дирафши Рустам бошад, бо аждаҳои ҳафтсар, ки рамзи корномаи ӯст.
Дар парчамҳои Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Хатлоншоҳон бештар шери болдор тасвир мешуд. Ин тасвир рамзи қудрати давлатӣ ва паҳлавонӣ буд. Барои мисол, ҳокимони Хатлон худро «Шери Хатлон» мехонданд ва ин унвон дар парчам низ таҷассум меёфт.
Сомониён, ки поягузорони давлати миллӣ ва худшиносии тамаддуни тоҷикон буданд, суннатҳои давлатдории ориёиро эҳё карданд. Парчами давлатӣ дар болои арки амир афрохта мешуд ва рамзи ҳастию соҳибихтиёрии давлат буд. Исмоили Сомонӣ таҳти ин парчам муқовимати қавмҳои бодиянишини туркро дар Туркистони Шарқӣ шикаст дод ва суботи сиёсии минтақаи худро таъмин кард.
Бо вуҷуди суқути давлати Сомонӣ, суннатҳои идорӣ ва рамзии он барои сулолаҳои баъдӣ намунаи давлатдорӣ гашт. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» низ ба ин далел ишора мекунад.
Соли 1924, бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон, парчами давлатӣ бо такя ба рамзҳои Иттиҳоди Шуравӣ қабул шуд. Ранги асосӣ – сурх, рамзи ҳукумати коргарону деҳқонон шуморида мешуд. Сипас бо тағйирёбии мақоми ҷумҳурӣ унсурҳои нав илова гардиданд.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ташкил ёфтани ҷумҳуриҳои мустақили пасошуравӣ барои ҳар як давлат зарурати қабул намудани рамзҳои миллӣ, аз ҷумла парчами давлатӣ, ба миён овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки роҳи соҳибистиқлолиро пеш гирифт, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии худро расман қабул намуд. Ин рӯйдод, дар ҳақиқат, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон буд.
Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рамзҳои истиқлоли миллӣ, ифодаи давлатдории навин ва ҳамзамон, пайванди таърихӣ бо суннатҳои деринаи давлатсозии ниёгон ба шумор меравад. Рангҳо ва унсурҳои он на танҳо ҳақиқати имрӯз, балки орзую ормонҳо, мақсаду мароми тамоми мардуми Тоҷикистонро таҷассум мекунанд.
29 октябри соли 2009 дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди муҳим ироа гардид - эълон намудани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ. Ин иқдом барои боз ҳам таҳким бахшидани худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ аҳамияти бузург дошт.
Бо мақсади расмӣ гардондани ин ташаббуси наҷиб, 3 ноябри ҳамон сол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. 19 ноябр Парламенти кишвар ин қонунро тасдиқ кард ва аз он пас Рӯзи Парчами миллӣ ҳамасола бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Эълони рӯзи махсус барои пос доштани Парчами миллӣ идомаи мантиқии сиёсати созандагиву давлатмеҳвари роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Ин иқдом на танҳо эҳтирому қадрдонии миллати тоҷикро ба рамзҳои давлатӣ тақвият дод, балки масъулиятшиносии шаҳрвандонро дар назди Ватан боло бурд.
Рӯзи Парчами миллӣ ба ҷомеа, бахусус ба насли ҷавон, паёми равшан медиҳад, ки эҳтиром ба парчам, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлол ва идомаи суннатҳои волои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа аст. Ин рӯз ба ҷавонон маънидод менамояд, ки Парчам танҳо як матои ранга нест - он рамзи нангу номус, таърихи куҳан, арзишҳои ориёӣ ва ормони давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.
А.К. Муллоҷонзода, н.и.т.,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng