ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки 31 сол муқаддам, дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба таври расмӣ қабул гардид.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Парчами Тоҷикистон аз се ранг иборат аст.
Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ягонагии миллӣ мебошад.
Ранги сафед - нишонаи бахту саодат, умеду орзу, сулҳ, ахлоқи нек ва покии нияту фикрҳои мардуми тоҷик мебошад.
Ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ, абадӣ ва умед ба ояндаи обод мебошад.
Тоҷ ва ҳафт ситора дар мобайни ранги сафед ҷойгиранд. Тоҷ - ин рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллӣ ва ҳафт ахтар бошад, рамзи саодат, покӣ ва муқаддас будани рақами ҳафт дар фарҳанги тоҷикон аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки баландии сутуни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 165 метр, дарозии матои он 60 метр, паҳноӣ - 30 метр ва вазни парчам бошад, 420 кг-ро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” донистаанд. Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Парчам, ҳамчун рамзи миллӣ, арзиши муқаддас ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ буда, бидуни шакку шубҳа, заминаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро доро мебошад. Ин муқаддасот барои тақвияти ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқату самимият ва ифтихори миллии шаҳрвандон нақш ва ҷойгоҳи хосса дорад. Дар таърихи тамаддуни тоҷикон Парчам ва ё Дирафш мақоми шоиста дошта, он ҳамчун рамзи истиқлол, озодӣ ва ҳувияти миллӣ шинохта мешавад. Бо зуҳури аввалин давлатҳо дар ҷомеаи инсонӣ, бахусус давлатдории аҷдодии мо – тоҷикон, парчам низ бо хусусиятҳои хоси худ ба вуҷуд омада, дар ибтидо аз ҷиҳати сохту мазмун гуногуншакл ва сода буд. Пас аз ба вуҷудоии аввалин давлатҳои мутамарказ ва густариши нишонаҳои фарҳангу тамаддун парчамҳо низ ҳамчун ифодакунандаи ормони миллӣ аз ҷиҳати мазмун, маъно ва сохторашон мураккаб гардида, ҷанбаҳои маъноӣ ва рамзии онҳо низ тақвият ёфтанд.
Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он, ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.
24-уми ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 15 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Аҳкомуддин Судиқов, устоди кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng