Пешво шахсест, ки орзую умедҳои мардумро дарк мекунад ва барои беҳбудии ҷомеа ҷон фидо менамояд. Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номдоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос, ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Яке аз чунин шахсони барҷаставу сулҳофар, ки ифтихори тамоми тоҷикон аст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбари дилсӯзу ғамхор дорад. Хидматҳои ин шахси бузург ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт фаромӯш намешаванд. Ин шахси бузург давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот доданд, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназирашон зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар як фарди миллат ҳадя намуданд. Бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифони сиёсии кишвар дар вазъиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳанду сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо гардонанд ва ниҳоят, ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон ҳам расиданд.

Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он борҳо эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Пешвои миллати мо ба гирифтани Ситораи Тилоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд.

Ташаббусу пешниҳод ва заҳматҳои зиёди Пешвои миллатро ба инобат гирифта, мардуми сарбаланди тоҷик ба Сарвари давлати худ унвони фахрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистанд. Ва ҳамасола дар ҷумҳурӣ рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин нишони ба Президенти худ садоқат доштани мардуми кишварро ифода мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи волои сиёсию масъулияти баланди давлатдорӣ тули фаъолияти худ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини фаъолияти муназзаму самараноки рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро таъмин намудаанд.

 

Диловар Хоҷаев, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-960101, факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ