Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги куҳан, тамаддуни пурғановати халқи тоҷик, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва орзуву ормонҳои неки мардуми кишвар мебошад. Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи ифтихор, сарбаландӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан маҳсуб меёбад.

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати муайян ва қабули рамзҳои нави давлатӣ, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатро таҷассум менамоянд, ба миён омад. Бо ҳамин мақсад, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат буда, рахи болоии он сурх, рахи миёна сафед ва рахи поёнӣ сабз мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситораи тиллоранг ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури парчам дорои маънои рамзӣ буда, арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ормонҳои миллии халқи тоҷикро ифода мекунад.

Ранги сурх рамзи муборизаи халқ барои озодӣ ва истиқлолият, ҷасорату шуҷоат ва фидокорӣ дар роҳи ҳифзи Ватан мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат ва нияти неки мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ранг ҳамчунин бо пахтаи сафед, ки яке аз маҳсулоти муҳими кишоварзии кишвар мебошад, алоқаманд дониста мешавад. Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, сарсабзӣ, ҳаёт, ободӣ ва шукуфоии сарзамини Тоҷикистон аст.

Тоҷи тиллоӣ дар маркази парчам рамзи давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, муттаҳидӣ ва таърихи куҳани миллати тоҷик мебошад. Ҳафт ситораи тиллоӣ, ки дар болои тоҷ ҷой гирифтаанд, рамзи саодат, бахту иқбол ва орзуву умедҳои неки миллат мебошанд. Рақами ҳафт дар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик аз қадим мақоми хос дошта, ҳамчун рамзи камолот ва муқаддасот шинохта мешавад.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо низ мебошад. Он дар тамоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва байналмилалӣ парафшон гардида, симои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҷойҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ афрохта мешавад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ вазифаи муҳими шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба шумор меравад.

Махсусан, дар соҳаи маориф тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бузург дорад. Омӯзгорон бояд ба хонандагону донишҷӯён моҳияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Парчами давлатиро фаҳмонида, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул диҳанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳои иншонависӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ метавонад дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим гузорад. Зеро насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба Парчам дар асл эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва арзишҳои миллии хеш мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи хос дорад. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, вохӯриҳои сатҳи баланд ва мусобиқаҳои варзишӣ парафшон гардидани Парчами Тоҷикистон нишонаи соҳибихтиёрӣ ва муаррифии давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва ба ифтихори онҳо Парчами миллӣ боло бардошта мешавад, чунин лаҳзаҳо боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми кишвар мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Душанбе яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон бунёд гардидааст. Ин иншооти муҳташами миллӣ таҷассумгари истиқлолият, ваҳдат, сарҷамъӣ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони кишварро ба худ ҷалб менамояд. Парчамбардории миллӣ дар ин макони бошукӯҳ рамзи эҳтиром ба давлату миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси Ватан эҳтиром гузорад, онро гиромӣ дорад ва дар тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан саҳм гузорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Он моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Парчами миллӣ танҳо як рамзи давлатӣ нест, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, нангу номус ва шарафи миллати тоҷик мебошад. Эҳтиром ба он вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст.

 

Фаридун ҒАФУРОВ,

Шаҳло ҲАЙДАРОВА,

омӯзгорони ДДМИТ