Ҳамасола санаи 24 – уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он яке аз рамзҳо ва нишонаи истиқлолияти давлати Тоҷикистон аст. Он дар даврае қабул гардид, ки Тоҷикистон ба истиқлолияти комил ноил гардида, самти рушд ва соҳибихтиёрии хешро интихоб намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини даврони истиқлолият ба шумор меравад. Чуноне, ки дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст» ва дар арсаи ҷаҳонӣ бошад давлат дар асоси онҳо шинохта ва фарқ карда мешавад. Инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба моҳият, тасвир ва истифодаи дурусти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлат оварда шудааст.

Рангҳое, ки дар Парчами давлатӣ ҷойгир мебошанд дорои маънои мушаххас мебошанд.  Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста ва чунин қайд намуданд: «Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Парчами давлатӣ дар худ таърих, фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва арзишҳои умумиинсониро муттаҳид менамояд ва дар ҳоле, ки он дар назди биноҳои давлатӣ, дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ барафрохта шавад, муаррифгари истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар баробари ин наврасон ва ҷавонони кишвар вақте, ки Парчами давлатиро мебинанд ва маънои онро дарк мекунанд, дар дили онҳо ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва масъулият бедор мегардад.

Инчунин, Парчами давлатӣ барои ҳар як давлат ҳамчун василаи муттаҳидгардонӣ буда, новобаста аз он ки шаҳрвандон дар кадом гушаю канори ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, Парчам онҳоро дар зери як рамз муттаҳид мегардонад.

Дар маҷмуъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзи расмии давлатӣ будан, инчунин рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ буда, таҳкими эҳтиром ба он ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз шартҳои асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки Парчами давлатиро эҳтиром намояд, пос дорад ва дар зери он барои ободӣ, сулҳ ва пешрафти кишвар мунтазам талош варзад.

 

Э. МАҲМАДОВ,

омӯзгори ДДМИТ