Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ва нишонаҳои муҳимми давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Он ифодагари истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрии кишвар, худшиносии миллӣ ва сарҷамъии мардуми тоҷик мебошад. Ҳар як кишвар рамзҳои давлатии худро дорад, ки тавассути онҳо гузаштаи таърих, фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳо ва ҳадафҳои миллии хешро муаррифӣ менамояд. Дар миёни ин рамзҳо Парчами давлатӣ мақоми воло дошта, ҳамчун нишонаи озодиву мустақилият ва ҳамбастагии миллат шинохта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ин рӯйдоди муҳим дар марҳилаи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ касб намуд. Аз он замон то имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар ва эҳёи арзишу анъанаҳои давлатдории ниёгони тоҷик хизмат менамояд.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар рӯзҳои идона набуда, балки бояд дар тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо зоҳир гардад. Омӯзиши илму дониш, азхуд намудани касбу ҳунар, риояи қонунҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар нишонаи ватандӯстии ҳақиқӣ мебошад.

Ҷавонони тоҷик, ки дар ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ, чорабиниҳои соҳавии илму техника, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар барномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд, Парчами миллии Тоҷикистонро бо ифтихор парафшон месозанд. Онҳо бо дастовардҳои назарраси худ на танҳо қобилияту маҳорати шахсиашонро нишон медиҳанд, балки саҳми миллати тоҷикро дар пешрафти соҳаҳои гуногун муаррифӣ мекунанд. Чунин эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар чунин ҳамоишу чорабиниҳо Парчами давлатӣ ҳамчун таҷассумгари ҳамбастагии миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва роҳи мустақилонаи рушди кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули насли созанда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Зеро тарбияи насли огоҳу соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини ояндаи дурахшони давлат ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ, дар баробари ифода намудани соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллӣ, ба яке аз воситаҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстонаи ҷавонон табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳамоҳанг сохтани арзишҳои миллӣ бо дастовардҳои илму технологияи муосир барои рушди устувори кишвар имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Ин раванд ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо донишандӯзӣ, фаъолияти созанда ва дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Вазифаи ҳар як ҷавон аз он иборат аст, ки бо рафтори намунавӣ, ахлоқи ҳамида, дониши мукаммал ва меҳнати содиқона сазовори номи фарзанди Ватан бошад.

Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию тарбиявии кишвар маҳсуб меёбад. Тавассути чунин муносибат метавон заминаи ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат, созанда ва иқтисодиёти рақобатпазирро таҳким бахшид. Зеро фардои Тоҷикистон аз дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии зиёд дорад. Ҷавононе, ки бо эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва истифодаи самараноки дониш, истеъдод ва малакаи касбии худ фаъолият менамоянд, метавонанд дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.

 

Зуҳуриддин МУХТОРОВ,

коменданти хобгоҳи №1-и ДДМИТ