ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар ҳама давру замон соҳибони забон барои покизагӣ ва пойдории он талош варзидаанд. Ин бесабаб нест, зеро ҳастиву бақои ҳар як халқу миллат аз ҳастии забони модарӣ сарчашма мегирад. Дар ҳифзу рушди забон пешвоён ва шахсиятҳои таърихӣ нақши муассир гузоштаанд. Ба бахту иқболи мардуми тоҷик Худованд пешвои хирадмандеро ато фармудааст, ки ҳамеша пуштибони таърих, фарҳанг ва забони миллат мебошад. Маҳз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар масири таърих душманону бадхоҳон барои аз байн бурдани забони тоҷикӣ талошҳои зиёд кардаанд. Пӯшида нест, ки баъди истилои арабҳо доираи истифодаи ин забон танг гардида, бисёре аз шахсиятҳои маъруфу донишманд ба қатл маҳкум мешуданд. Дар он даврон хатари аз байн рафтани забон воқеӣ буд. Сарвари давлат ин нуктаро чунин арзёбӣ намудаанд: «Дар замони истилои араб тозиён басо кӯшиданд, ки забони дариро аз байн бубаранд… Умуман, аз беху бун нест кардани фарҳанги як миллат, ба хусус забони вай, хоси ҷаҳолати истилогарон аст».
Баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати тоҷикон - сулолаи Сомониён, забони тоҷикӣ садсолаҳои дигар низ барои аҷнабиён ҳамчун забони коргузорӣ хизмат намуд, аммо қудрату неруи он ба таври назаррас афзун нагардид. Маҳз баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бахт ба рӯйи ин миллати куҳантаърих боз хандид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, эътибори он боло рафт ва дар муассисаҳои давлатӣ коргузорӣ бо ин забон ба роҳ монда шуд.
Сарвари кишвар мақоми забони давлатиро баланд арзёбӣ намуда, бузургдошти онро дар чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо ҷавонон пайваста таъкид менамоянд. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ 8 сентябри соли 2006 Президенти кишвар қайд намуданд: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».
Шоири тоҷик Бозор Собир хуб гуфтааст: «Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик забони тоҷик аст». Тоҷикон имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Забони тоҷикӣ бо забонҳои форсии кишварҳои минтақа пайванди таърихию фарҳангӣ дорад ва дар кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор мегирад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими рушди фарҳанг ва илми тоҷикон барои ҳамгироии ҳамзабонон нақши муҳим дорад. Сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамо ва муттаҳидсозандаи тоҷикони ҷаҳон мебошад: «Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад».
Забони тоҷикӣ бо гузашти вақт ба сифати забони коргузорӣ неруманд мегардад. Дар ҷаҳони муосир ва шароити ҷаҳонишавӣ хатари аз байн рафтани забонҳои камнуфус меафзояд. Маҳз арҷгузорӣ ба забон ва ифтихор аз миллат метавонад барои ҳифзи забони модарӣ заминаи устувор фароҳам созад. Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзии худ - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Соҳибдавлатии тоҷикон мавқеи истифодаи забони тоҷикиро васеъ мегардонад. Дар ҷаҳон халқияту миллатҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди сершумор будан соҳибдавлат нестанд ва забонашон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст. Хушбахтона, забони тоҷикӣ имрӯз ҳамчун забони давлатӣ пуштибони ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад. Аз ин рӯ, он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар ташаккули худшиносии миллии тоҷикон нақши муассир мегузорад. Президенти мамлакат таъкид намудаанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад... Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст».
Баъди қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 масъалаи таълиму омӯзиши забони тоҷикӣ дар тамоми факултаҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом барои омӯзиши забони давлатӣ ва истифодаи он дар сатҳи коргузорӣ имкон фароҳам овард. Ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд ва шахси забондону миллатдӯст дар омӯзиши илмҳо низ муваффақ мешавад. Таъриху фарҳанг ва забон имрӯз ва ояндаи моро бозгӯ менамоянд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ва омӯзиши дурусти онҳо барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Дар ин маврид, месазад гуфтаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ қарор диҳем: «Ифтихори ватандӯстӣ аз донистани таъриху забон ва фарҳанги ватан сарчашма мегирад. Лафзи модарӣ муқаддас аст, онро азизу гиромӣ бояд дошт».
Забони тоҷикӣ имрӯз дар низоми сиёсию иҷтимоии мамлакат ҳамчун забони расмии давлатӣ дар коргузорӣ, гузаронидани ҷаласаву чорабиниҳои фарҳангӣ, таълиму тарбия, матбуот ва дигар соҳаҳо мавқеи махсус дорад. Ҳамзамон, барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм низ иқдомҳои муҳим амалӣ гардиданд. Бо ибтикори Президенти кишвар соли 2015 Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис ёфт. Ин иқдом барои рушди фаъолияти илмӣ ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Сарвари кишвар таъкид намуда буданд, ки «аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд».
Қудратмандии забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ низ ба назар мерасад. Суханронии Президенти Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ, барои баланд бардоштани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ аҳаммияти хос дорад. Ин гуна иқдомҳо нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ метавонад ҳамчун воситаи муаррифии таърих ва фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат намояд.
Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли мо барои омӯзиши забони давлатӣ ва ба роҳ мондани коргузорӣ бо ин забон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, 26 июли соли 2007, таҳти №91, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон кардани соли 2008 ба имзо расид. Дар асоси он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2007, таҳти №426 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» қабул гардид. Ин иқдом таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мақоми забони тоҷикӣ ва зарурати ҳифзу рушди он бештар намуд.
Дар низоми забонӣ вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ тағйирот ба амал меояд. Забонҳои абарқудрату куҳантаърихи ҷаҳон марҳилаҳои гуногуни инкишофро тай намудаанд. Забони куҳантаърихи тоҷикӣ низ дар тӯли ҳазорсолаҳо дар доираҳои бузурги фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Бо вуҷуди ин, сатҳи забондонии ҷомеа ва риояи меъёрҳои забони адабӣ ҳанӯз беҳбудиро тақозо мекунад. Истифодаи аз ҳад зиёди лаҳҷаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад ба густариши забони адабӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ба покизагӣ ва меъёрҳои забони адабӣ эҳтиром гузорад.
Президенти кишвар дар ин маврид таъкид намудаанд: «Дар чунин шароит агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати на чандон тӯлонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад».
Воқеан, баъд аз садсолаҳо давлати миллии тоҷикон дар харитаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Оғози сарнавишти Тоҷикистон ба даврони соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти роҳбарияти кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин давра масъалаҳои ҳифз ва рушди фарҳанг, забон ва таърихи миллат ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ нақши муҳим дорад. Ҳифзи он танҳо вазифаи давлат ё муассисаҳои таълимӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди тоҷик мебошад. Забон мероси маънавии миллат ва воситаи асосии интиқоли таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ аз насл ба насл аст. Аз ин рӯ, рушди забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷомеа, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи васеи он дар илму маориф, фарҳанг, коргузорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бояд аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз бошад. Иқдомҳои давлат дар ин самт барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, масъулияти моро дар назди наслҳои оянда бештар менамоянд.
Манзура ҲАСАНОВА,
мудири кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng