Пешво бодо муборак, Эй Ватан,

Раҳнамо бодо муборак, Эй Ватан.

Дар солҳои 90-уми асри XX бо сабабҳои гуногун давлати Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд ва яке аз паси дигаре ҷумҳуриҳои дохили он истиқлоли худро эълон карданд. Аз он ҷумла, Тоҷикистони азизи мо низ 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон кард. Дар андак муддат кишвари мо дар тамоми ҷаҳон чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои дигар шинохта шуд ва аъзои комилҳуқуқи СММ гардид. Вале, баъдтар, бо дасисаи як гурӯҳи манфиатҷӯ ва бегонагон дар кишвар бесарусомониҳо оғоз гардида, мардумро то ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркушӣ оварда расонд.

Дар натиҷа, ҳазорҳо фарзандони миллат кушта шуданд, ҳазорҳо хонаҳо ба коми оташ рафтанд ва қариб як миллион тоҷик ба худ номи гурезаро гирифта, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Тамоми идораҳои давлатӣ фалаҷ гардида, яроқбадастон ҳукмфармоӣ мекарданд, дигар қонун вуҷуд надошт. Ҳатто, сиёсатмадорони таҷрибадор роҳи наҷотро пайдо карда наметавонистанд, чунки ҷилави роҳбариро гирифтан дар он замон кори саҳлу осон набуд.

Ниҳоят, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, воқеан тақдирсоз буд ва сарварии давлату Ҳукуматро бар зиммаи ҷавони намояндаи мардумӣ - Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Ин интихоби намояндагони мардумӣ имрӯз исбот кард, ки иштибоҳ набудааст, балки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик атои Худованд будааст. Он кас ҷасурона аз минбар изҳор доштанд, ки ман тамоми қувватамро равона мекунам, ки дар кишварам сулҳ оварам ва то он даме, ки як фирорӣ берун аз марзи Тоҷикистон аст, ман худро осуда ҳис намекунам. Барои амалӣ намудани ин гуфтаҳо, ин фарзанди сарсупурдаи миллат шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, заҳмат кашид. Ҳосили ин заҳматҳо буд, ки ба гуфтаи устод Лоиқ, «сулҳи деринтизор омад», мардум нафаси осуда кашид, фирориҳо баргаштанд, хонаҳои сӯхта обод гардиданд, рӯзгори халқ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, кишоварзӣ, саноат, мактабу маориф, илму фарҳанг рушд ёфт. Корхонаҳо, заводу фабрикаҳо ба кор даромаданд, ғайр аз ин, боз даҳҳо корхонаҳои нав корро оғоз карданду сохтмонашон идома ёфт. Роҳҳои байналхалқӣ, НБО-ҳои нав, роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва садҳо иншооти дигари муҳими аҳамияти стратегӣ сохта ба истифода дода шуданд. Чӣ тавре ки мебинем, корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд ва ҳама машғули меҳнати осоишта, дастурхони пурнозу неъмат, бозорҳои фаровони пур аз меваю хӯрданиҳо мебошанд, ки ин ҳама бо ташаббуси Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

“Истиқлол” вожаи дӯстдоштаи ҳар як миллату халқ аст. Шахсе нест, ки ин вожаро бо ифтихор ба забон наорад. Зеро ин калима маънои соҳибҳуқуқ будан, соҳибихтиёр будан, соҳибдавлат буданро дорад.

Имсол аз соҳибистиқлолии мо 34 сол пур мешавад, ки ин на чандон тулонӣ аст ва аз ин якчанд соли аввал овораи ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомонӣ буд. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, комёбиҳои кишвари мо хеле назаррасанд. Махсусан, обрӯю эътибори мо дар арсаи байналхалқӣ рӯз то рӯз афзун гардида истодааст. Акнун дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҳатто, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода бурда, онро ҳамчун манбаи омӯзиш қарор додаанд. Ин пешравиҳо обрӯю эътибори Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба номи Президенти ҷумҳурии мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқаманданд. Маҳз заҳмати шабонарӯзии ин марди Худодод аст, ки кишвари мо рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст.

Ана, ҳамин меҳру муҳаббати халқ нисбати ин фарзанди фарзона ва абармарди миллат аст, ки он кас чун меъмори сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат эътироф гардиданд ва дар ҳақиқат, сазовори ин унвонанд.

Пешвои мо тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз парокандагӣ, давлати тоҷикро аз нестшавӣ наҷот диҳанд. Ҷасорату мардонагӣ ва фидокории Сарвари давлати мо ҷиҳати таҳкими сулҳу оштии миллӣ бағоят бузург ва қобили ситоиш аст, зеро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, бунёдгузори мактаби давлатдории муосир, Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ мебошанд. Пешвои миллат - ин мансаб, унвон нест, балки нақш ва рисолати таърихӣ аст, ки дар шоҳидии мардум ба ин дараҷа расидаанд.

Шоир хело хуб гуфтааст:

Шуд ба бахти ҷумла тоҷикони мо,

Роҳбалад Эмомалӣ Раҳмони мо.

 

                             Давлатҷон Ҳукматов, н.и.и., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ