Ҳамасола мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳар як миллат барои бақо ва рушди худ ниёз ба шахсиятҳои бузург дорад, ки метавонанд сарнавишти давлатро бо ақлу хирад ва иродаи қавӣ ба сӯйи рушду тараққӣ раҳнамоӣ кунад. Барои миллати тоҷик чунин шахсият - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Маҳз Роҳбари давлат тавонистанд дар лаҳзаҳои бисёр душвори таърихӣ аз орзуҳои шахсии худ гузашта, орзуву ормонҳои тамоми миллати тоҷикро амалӣ намояд.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистони ҷавон замони озмоиши сахт буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро ба миён оварда буд. Дар чунин рӯзҳои вазнин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуда, бо як масъулияти бузург гуфта буданд: “Ман ба хотири сулҳ ва ваҳдати миллат ҷони худро низ дареғ намедорам.” Ин сухан на танҳо як ваъда, балки савганди марде буд, ки барои наҷоти миллат омода буд аз орзуҳои шахсии худ бигзарад. Солҳои минбаъда бо заҳмат, сабру таҳаммул ва сиёсати оқилона Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт. Сулҳ барқарор шуд, ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва мардум ба ояндаи нек боварӣ пайдо карданд. Маҳз дар ҳамин давра кишвар ба роҳи рушди устувор ворид гашт. Бо ташаббусҳои Президенти мамлакат ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, мактабҳо, неругоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ бунёд ёфтанд.

Имрӯз мо мебинем, ки орзуи миллат - доштани давлати соҳибихтиёр, амн ва шукуфон ба воқеият табдил ёфтааст. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмат, садоқат ва иродаи оҳанини Пешвои миллат аст. Ӯ нишон дод, ки роҳбари воқеӣ касест, ки на барои манфиати шахсӣ, балки барои ояндаи наслҳои минбаъда кор мекунад. Дар замони муосир Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст, дорои сиёсати устувор ва мавқеи муътадил дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар дар соҳаи об, муҳити зист, амният ва ҳамкории минтақавӣ нишон медиҳанд, ки ӯ на танҳо раҳбари як давлат, балки сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Мардум ӯро на танҳо ҳамчун Президент, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва ватандӯстӣ мешиносанд. Ӯ ҳамон шахсест, ки орзуи миллати тоҷик - зиндагии осоишта, давлати обод ва ҷомеаи пешрафтаро ба ҳақиқат табдил дод. Имрӯз ҳар як ҷавон бояд аз ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат ибрат гирад. Мо бояд донем, ки пешрафт танҳо бо заҳмат, дониш ва садоқат ба Ватан имконпазир аст. Вақте ки мо мисли роҳбари худ аз манфиатҳои шахсӣ гузашта, ба манфиати умумӣ меандешем, Ватан рушд мекунад.

Дар ҳақиқат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки аз орзуву хоҳишҳои худ гузашта, орзуи тамоми миллати тоҷикро амалӣ намуд - орзуи сулҳ, орзуи ваҳдат, орзуи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ин на танҳо дастоварди як шахс, балки пирӯзии як миллат аст ва мо – ҷавонони Тоҷикистони азиз бояд ҳамеша қадрдони чунин роҳбари ғамхор ва чунин саодати миллӣ бошем.

 

Неъматуллои МИРЗОШОҲ,

омӯзгори ДДМИТ