Дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми декабри соли 2015 саҳифаи тозае боз шуд Дар ин рӯз аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу заҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба тасвиб расид.

Пеш аз он ки ба таткиқи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳуқуқ ва робитаҳои байналмилалӣ бипардозем, бояд тазаккур дод, ки таҳаввулоти ҳуқуқии анҷомдодаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар бисёр асарҳои илмӣ арзебӣ шуда ва арзебӣ мешавад Шаҳомати ӯ дар ин аст, ки дар шароити бесарусомонӣ. беҳукукӣ ва бенизомӣ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, садои конунро баланд бардошт ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард Аз рузҳои аввали интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат ӯ гуфта буд «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунед мебошам». Эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фароҳам овард Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат қувваю заковати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайваст.

Яке аз хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - ин истиқрори сулҳ дар мамлакати -ҷангзада буд. Ӯ бо мухолифин музокирот намуда, ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузошт ва ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор меравад, ва бо шарофати ин марди абармарди миллат ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа барқарор карда шуд. Ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ яке аз пуразиштарин саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Табиист. ки ҳар кишваре барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқие дорад, ки ҳам манфиатҳои миллиро дар тамоми арсаҳо ҳимоят кунанд ва ҳам бо меъерҳои байналмилалӣ мутобиқат дошта бошанд. Яке аз самтҳои фаъолияти Пешвои миллат - ин ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқи робитаҳои дипломатӣ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон, ҳамоҳанг сохтану омузиш додани онҳо ба манфиатҳои умумибашарй мебошад. Аз рузҳои аввал то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард. Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ (ҶТ ба он 6 майи с.1996 ҳамроҳ гардид). Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ (ҶТ ба он 6 майи с.1996 ҳамроҳ гардид), Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи _шартномаҳои байналмилалӣ (ҶТ ба он 6 майи с 1996 ҳамроҳ гардид), «Қонуни ҶТ дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (11 декабри с 1999 № 908). «Қонуни ҶТ дар бораи хизмати дипломатӣ» 31декабри с2014 № 1173), «Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с 1995, № 165). «Низомнома дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с.1995, № 165) «Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли с 1998. № 275), «Консепсияи сиесати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи с 2015, №332) ва ғ. Бояд тазаккур дод ки саҳми Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар эҳтироми ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, демократикунонии ҷомеа бунёди давлати соҳибихтиёр ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона. тахия ва қабули Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда ниҳоят бузург аст. Расмияти ҳуқуқӣ пайдо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзиши олӣ эътироф шудани онҳо дар моддаи 5-и конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти тавозуну таносуби ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ. ки дар моддаи 10-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, бешубҳа, саҳми Пешвои миллатро дар таҳияи ин санади сиёсию ҳуқуқӣ нишон медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳои дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро барқарор намудан бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

 

ЗИЁДУЛЛО Абдуллоев,

донишҷӯи курси якуми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ