Парчам рамзи ифтихор, давлатдорӣ ва муттаҳидии ҳар як миллат аст. Он на танҳо як порча матоъ, балки рамзи қудрат, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар вақте ки Парчам дар осмон афрохта мешавад, қалби ҳар як шаҳрванди кишвар бо ифтихор ва муҳаббат ба Ватан пур мешавад.

Дар Тоҷикистон бошад, 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллӣ мебошад, ки ҳар як сокини кишвар онро бо ифтихор ёд мекунад.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ халқи Тоҷикистон ниёз ба рамзҳои нав – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дошт, то мавҷудияти давлати ҷавонро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳад. 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Аз ҳамон рӯз ин сана ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдории тоҷикон дар таърихи навини Ватан сабт гардид.

Бо гузашти солҳо, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2009 дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳамасола ин сана бо тантана дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: сурх, сафед ва сабз, ки дар миёнаи рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир мебошад:

- ранги сурх рамзи шуҷоату ҷасорат, истиқлолият ва қаҳрамонии халқи тоҷик мебошад;

- ранги сафед рамзи поквиҷдонӣ, адолат, сулҳ ва озодии фикр мебошад;

- ранги сабз рамзи зебоии табиат, ҳаёти нав, ҳосилхезӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад;

- тоҷ ва ҳафт ситора бошад, рамзи соҳибдавлатӣ, якдилӣ ва саодати халқи тоҷик аст.

Парчам барои миллати тоҷик танҳо рамзи расмии давлат нест. Он рамзи ифтихор, ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ мебошад. Дар зери сояи он миллат ба истиқлол расид, сулҳ барқарор шуд ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт.

Имрӯз Парчами давлатӣ дар ҳар муассисаи таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар афрохта шудааст.

Дар даврони истиқлол Парчам ба рамзи расидан ба дастовардҳои бузурги миллӣ табдил ёфт. Сохтмони Парчами бузургтарин дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, ки баландии он 165 метр мебошад, аз муҳаббат ва эҳтироми мардуми тоҷик ба ин рамзи муқаддас шаҳодат медиҳад.

Парчам дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши бузург мебозад. Мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар дар рӯзи 24-уми ноябр чорабиниҳо, намоишномаҳо, суханрониҳо ва мусобиқаҳо ташкил мекунанд, ки ба эҳтироми Парчами миллӣ бахшида шудаанд.

Умуман, 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз санаҳои пурифтихор ва муқаддаси миллати тоҷик мебошад. Парчам рамзи сулҳ, истиқлол ва якдилии мардум аст.

Мо – ҷавонон ва донишҷӯён, бояд ба ин рамзи муқаддас эҳтиром гузорем, онро дӯст дорем ва зери сояи он барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона заҳмат кашем.

Эҳсонҷон Холиқулов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25011100