Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои мамлакат дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Асри XXI давраи тағйироти босуръати технологӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз давлатҳое пешрафта ба шумор мераванд, ки тавонистаанд технологияҳои иттилоотиро ба иқтисод, идоракунӣ, саноат, энергетика, маориф ва хизматрасониҳо самаранок ворид намоянд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси ҷумҳурии мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Иқдоми мазкур, ки имрӯз ба қатъномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзо пазируфта шуда, дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) қадами муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад.

Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун раванд ва воситаи муҳим дар рушду суботи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёт истифодаи оқилона ва одилонаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо нигоҳи дурбинона ва воқеъбинона ин ҷараёнро пешбинӣ намуда, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва этикӣ барои танзими рушди ин равандро баррасӣ намуданд.

Қабули он дар сатҳи глобалӣ баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконияти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

Ин санади муҳим равшан нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо раванд, балки афзалияти стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб мешаванд.

Иқтисоди рақамӣ модели нави идоракунии иқтисодиёт бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, интернет, платформаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ ва додаҳои бузург (Big Data) дар фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки барои таъмини рушди устувор бояд ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ зиёд гардида, инфрасохтори муосири молиявию рақамӣ тақвият дода шавад.

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳот рақамикунонии идоракунии давлатӣ мебошад. Таъкид шуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд таъсири омили инсониро дар тамоми муносибатҳои молиявию маъмурӣ коҳиш диҳад.

Намунаи равшани самаранокии рақамикунонӣ ҷорӣ намудани низоми биллингии рақамӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Пеш аз ин талафоти неруи барқ ба 30-40 фоиз мерасид. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми рақамӣ ҳисобҳо дақиқ гардиданд; сатҳи талафот ба маротиб коҳиш ёфт; ҷамъоварии маблағҳо беҳтар шуд; даромади соҳа афзоиш ёфт.

Ин таҷриба собит месозад, ки рақамикунонӣ на танҳо технология, балки воситаи шаффофият ва самаранокӣ аст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, тақвияти долонҳои транзитию логистикаи рақамӣ, рушди иқтисодиёти сабз, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо ба ҳаёти мардум роҳ меёбанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатиро масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.

Ҳамин тариқ, имрӯз Тоҷикистон дар остонаи марҳалаи нави рушди худ қарор дорад. Рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ на танҳо имконият, балки зарурати таърихӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ, бо истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба зеҳни инсонӣ Тоҷикистон метавонад ба давлати пешрафта, устувор ва рақобатпазир табдил ёбад.

 

Умар ВОҲИДОВ,

мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи ДДМИТ