Тавре маълум аст, санаи 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид.

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт ва иқтисоди сабз ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ аз рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон масраф ва истифодабарии неруи барқ мунтазам афзоиш меёбад. Бино ба маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, истифодаи неруи барқ дар солҳои 1990-2024 ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ 21% зиёд шудааст. Бахусус, барои истеҳсоли неру аз ҳисоби энергияи барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологї тоза таваҷҷуҳ бештар мегардад.

Тибқи маълумотҳо, дар кишвар соли 2024, ҳиссаи истеҳсоли қувваи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия 10%-и энергияи умумии тавлидшударо дар ҷаҳон ва қариб 20%-ро дар Аврупо ташкил дод. Аксар кишварҳо мехоҳанд истифодабарии нафт, газ ва ангиштро коҳиш дода, аз 5% то 30% неруи барқро бо истифода аз қувваи об, офтоб, шамол, биомасса ва ғайра истеҳсол намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки бо назардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Ҳукумути мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ миллӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаҳои рушди энергияи сабз мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

 Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт ва иқтисоди сабз ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ аз рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон масраф ва истифодабарии неруи барқ мунтазам афзоиш меёбад. Бино ба маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, истифодаи неруи барқ дар солҳои 1990-2024 ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ 21% зиёд шудааст. Бахусус, барои истеҳсоли неру аз ҳисоби энергияи барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологї тоза таваҷҷуҳ бештар мегардад. Тибқи маълумотҳо дар кишвар соли 2024 ҳиссаи истеҳсоли қувваи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия 10%-и энергияи умумии тавлидшударо дар ҷаҳон ва қариб 20%-ро дар Аврупо ташкил дод. Аксар кишварҳо мехоҳанд истифодабарии нафт, газ ва ангиштро коҳиш дода, аз 5% то 30% неруи барқро бо истифода аз қувваи об, офтоб, шамол, биомасса ва ғайра истеҳсол намоянд.

Аз маълумоти Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2024 бармеояд, ки индекси истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 нисбат ба солҳои пешин хеле рушд ёфтааст ва 107,1 фоизро ташкил медиҳад.

 Дар замони Истиқлолият низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолї мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин робита, мавриди баҳрабардорї қарор гирифтани неругоҳҳои барқию обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», навбати якум ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», сисилаи неругоҳҳои барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 1020 мегаватт ба истифода додани чархаи якум ва дуюми НБО-и “Роғун” аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои соҳа ба шумор мераванд. Бо дастгирии шарикони рушд фаъолияти самараноки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷї» густариш дода шуд. Бунёди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон» ва монанди инҳо ба масофаи умумии зиёда аз 670 километр амалї гардиданд. Дар баробари ин, дар қаламрави кишвар корҳои вобаста ба таҷдиди иқтидори мавҷуда, сохтмони дигар иншооти муҳими тавлид ва хатҳои интиқоли неруи барқ идома доранд.

Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт-соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт-соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонида шуд.

Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад. Бисёр муҳим аст, ки дар ин ҷода ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон сарфаю сариштакор бошанд.

 

Наргис ДАВЛАТОВА,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор