Дар бахши сиёсати дохилӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба натиҷагирии воқеии татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бахшида шуд. Ин барнома марҳилаи дуюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»-ро фаро гирифта, ҳамзамон, оғози марҳилаи ниҳоии панҷсолаи ин санади бунёдии стратегӣ ба шумор меравад. Сарвари давлат таҳлили ҳамаҷонибаи ҷараёни татбиқи ин санадҳоро дар меҳвари Паём ба Маҷлиси Олӣ қарор дода, ба зарурати равона гардидани самараи ислоҳот ба манфиати тамоми табақаҳои аҳолӣ таъкид намуданд.

Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.

Дар ин давра, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Воқеан, омори пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи равшани он аст, ки татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои дар барномаҳои миёнамуҳлати марҳилаҳои якум ва дуюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» пешбинишуда, ба беҳбуди назарраси сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мусоидат намудааст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин сиёсати ҳадафмандона Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ симои мамлакати босубот, дорои иқтисоди рӯ ба рушд ва сиёсаташ пешгӯишавандаро касб кардааст.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи махсус ба алоқамандии ногусастании рушди малакаҳои инсонӣ бо ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар ин замина, масъулият ва уҳдадориҳои ниҳодҳои дахлдор барои иҷрои дастуру супоришҳои гузошташуда ба таври возеҳ таъкид гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидии илму маорифро ҳамчун манбаи асосии навовариҳо ва муҳаррики рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ махсус таъкид карданд, ки дар ҷомеаи муосир маҳз дониш, таҳқиқот ва қобилияти эҷодии инсонӣ омили асосии рақобатпазирӣ маҳсуб меёбад.

Тавре таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи мақсаду вазифаҳо ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳаммияти стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Ин соҳаҳо, ки таъсири ҳалкунанда ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум доранд, дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа баромад мекунанд. Дар ин замина, пешниҳоди эълон намудани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин ташаббус истиқлолро на танҳо ҳамчун санаи таърихӣ, балки ҳамчун раванди доимии бунёди давлат, ҷомеа ва инсон маънидод мекунад. Ободонӣ дар ин ҷо танҳо сохтмони иншоот нест, балки ободии тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ мебошад.

Таҳкими худшиносии миллӣ маънои инкори арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии дигаронро надорад, балки дарки амиқи худ ва эҳтиром ба арзишҳои хеш аст. Миллате, ки худро мешиносад, бо дигарон боэътимод ва дар сатҳи баробар муколама мекунад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои пешниҳодгардида на танҳо аҳамияти дохилӣ доранд, балки паёми тозаи башардӯстона ба ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.

 

Ғиёсиддин ҒАФУРОВ,

н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ