РАҚАМИКУНОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИН ДАР СОҲАИ КИТОБДОРӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Сарвари давлат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ технологияҳои навин ва иқтисоди рақамиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофият арзёбӣ менамоянд.
Дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст».
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидааст. Ин иқдом барои рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин замина, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои навин дар соҳаи китобдорӣ низ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Гузариш аз низоми анъанавии хизматрасонии коғазӣ ба низоми рақамӣ имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба иттилоот осон гардида, мероси хаттӣ беҳтар ҳифз шавад ва фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи замони муосир мутобиқ гардад.
Самтҳои асосии рақамикунонии китобхонаҳо
Рақамикунонии фаъолияти китобхонаҳо аз як қатор самтҳои муҳим иборат мебошад:
Ташкили низоми электронии ҷустуҷӯ ва каталогизатсия.
Ин низом имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи китобҳо, мақолаҳо, рисолаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ба таври электронӣ нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯ карда шавад.
Ташкил ва бойгонии китобҳои электронӣ.
Табдил додани захираҳои чопӣ ба шакли рақамӣ барои ҳифзи дарозмуддати онҳо ва фароҳам овардани имконияти истифодаи васеъ аҳамияти калон дорад.
Таъмини дастрасии онлайн барои хонандагон.
Хонандагон, донишҷӯён ва муҳаққиқон метавонанд тавассути сомонаҳо ва низомҳои электронии китобхонаҳо ба захираҳои иттилоотӣ аз ҷойҳои гуногун дастрасӣ пайдо намоянд.
Бо рушди хизматрасониҳои рақамӣ ҳудудҳои ҷуғрофӣ барои истифодаи захираҳои китобхонаҳо то андозае маҳдудияти худро аз даст медиҳанд. Имрӯз истифодабаранда метавонад тавассути компютер ё телефони мобилӣ ба феҳристҳои электронӣ, захираҳои рақамӣ ва дигар маводи илмӣ муроҷиат намояд.
Рақамикунонии китобхонаҳо барои рушди таҳсилот, илм, иқтисоди рақамӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ низ замина фароҳам меорад.
Гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушди низоми маориф ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин раванд муосирсозии таълим, ташкили муҳити ягонаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мебошад.
Ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад барои наздик намудани муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба талаботи муосири таҳсилоти рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мусоидат намояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои техникӣ ва самти фаъолияти онҳо низомҳои гуногуни иттилоотӣ истифода мешаванд.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо назардошти самти фаъолияти донишгоҳ, истифодаи низомҳои иттилоотӣ дар идоракунии равандҳои таълимӣ, баҳисобгирӣ, пардохтҳо ва дигар равандҳои маъмурӣ аҳамияти муҳим дорад. Низомҳои автоматикунонидашуда метавонанд барои идоракунии ҷадвали дарсҳо, натиҷаҳои таълимӣ ва дигар маълумоти донишҷӯён истифода шаванд.
Рақамикунонии китобхонаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон метавонад соҳаи китобдориро ба марҳалаи нави рушди технологӣ ворид намояд. Ташкили захираҳои электронии илмӣ, феҳристҳои ягона, бойгонии рақамӣ ва хизматрасониҳои онлайн барои донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои навин дар соҳаи китобдорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди китобхонаҳои муосир ба шумор меравад. Гузариш аз низоми анъанавӣ ба муҳити рақамӣ имкон медиҳад, ки захираҳои иттилоотӣ ҳифз, ҷустуҷӯ ва дастраси истифодабарандагон гардонида шаванд.
Барои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон китобхонаи рақамӣ метавонад ҳамчун маркази иттилоотӣ-тадқиқотӣ ва қисми муҳими муҳити ягонаи рақамии таълим хизмат намояд. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори рақамӣ, тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус, рақамикунонии фондҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди хизматрасониҳои онлайн бояд ҳамчун унсурҳои ба ҳам алоқаманди раванди муосирсозии китобхонаҳо баррасӣ шаванд.
Рақамикунонии китобхонаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон барои донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон имконияти васеъ фароҳам оварда, дастрасиро ба захираҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ осон менамояд. Ин раванд метавонад дар ташаккули муҳити муосири иттилоотӣ, рушди илм ва баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши муҳим дошта бошад.
Навбаҳор ТУРАЕВА,
китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng