РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ДАВЛАТДОРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ
Ҳамасола 16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хосса дошта, бо рӯйдодҳои муҳими сиёсиву таърихии даврони соҳибистиқлолии кишвар робитаи ногусастанӣ дорад.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар давраи ниҳоят мураккабу ҳассос буданд. Вазъи ноороми сиёсӣ, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мухолифатҳои дохилӣ ба пойдории давлатдории навини миллӣ таҳдид мекарданд. Дар чунин шароит масъалаи барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум ба вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфт.
Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Иҷлосия то 2-юми декабри ҳамон сол идома ёфта, дар он масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсози ин иҷлосия 19-уми ноябри соли 1992 интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар он давраи тақдирсоз аз роҳбарияти кишвар қабули қарорҳои ҷиддӣ, масъулияти баланд ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ тақозо мегардид. Иҷлосияи XVI дар ин самт заминаи муҳим гузошта, дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон нақши таърихӣ бозид.
Рӯйдоди дигари муҳимми таърихи давлатдории Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз интихобот, 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ин рӯйдод дар раванди ташаккул ва таҳкими ниҳодҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» расман ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил карда мешавад. Таъсиси ин рӯз ба гиромидошти таърихи давлатдории миллӣ, омӯзиши марҳилаҳои муҳими рушди Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардидааст.
Таҷлили ин сана аҳаммияти муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлоламон назар афканда, сабақҳои таърихиро омӯзем ва барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои миллӣ масъулияти бештар эҳсос намоем.
Ҳамасола ба муносибати ин санаи фархунда дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, маҳфилҳои маърифатӣ ва дарсҳои кушод баргузор мегарданд. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, мусоидат менамоянд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи муосири кишвар буда, имконият фароҳам меорад, ки аҳаммияти ниҳодҳои давлатдорӣ, арзиши истиқлолияти давлатӣ ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро дар рушди ҷомеа амиқтар дарк намоем.
Пешрафту шукуфоии ҳар як давлат, пеш аз ҳама, аз меҳнати созанда, дониш, маърифат, фарҳанг ва ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандони он вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонунҳо ва ободии сарзамини азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи миллат дар ин раванд масъулияти махсус доранд. Онҳо бояд бо омӯзиши пайвастаи илм, аз худ намудани технологияҳои муосир, такмили дониш ва малакаҳои касбӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Зеро ояндаи давлату миллат аз сатҳи маърифату дониш, худшиносӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба истиқлолият бояд дар амалҳои созанда, садоқат ба Ватан ва масъулияти ҳар як шаҳрванд таҷассум ёбад.
Умаралӣ АШУРОВ,
донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng