Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, орзуву ормонҳои мардум ва роҳи пуршарафи давлатдории миллат мебошад. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии давлатдорӣ, балки мояи ифтихор, эҳтиром ва садоқат ба Ватани азиз маҳсуб меёбад.

Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин санаи фархунда ба қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 баргузор гардидааст, иртибот дорад. Ин рӯйдоди таърихӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти бузург дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранга — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як ҷузъи Парчами давлатӣ дорои маънои рамзӣ буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷасорат ва истиқлолхоҳӣ, ранги сафед нишонаи покӣ, сулҳу осоиш ва нияти нек, ранги сабз рамзи сарсабзӣ, табиати зебо ва ободонӣ мебошад. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ буда, ҳафт ситора рамзи бахту саодат, камолоти маънавӣ ва ормонҳои неки мардум маҳсуб меёбанд.

Парчами давлатӣ дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба он дар асл эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ аст.

Яке аз рӯйдодҳои хотирмони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бунёди сутуни бузурги Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидани он мебошад. Ин дастоварди муҳандисиву меъморӣ дар замони бунёдаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард ва боиси ифтихори шаҳрвандони кишвар гардид.

Сутуни Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр дар маркази шаҳри Душанбе, дар назди Қасри миллат, бунёд гардидааст. Маросими расмии барафрохтани Парчами давлатӣ 30 августи соли 2011 баргузор шуд. Парчами парафшоншуда 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ дошта, масоҳати умумии он 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бо бунёди ин иншооти бошукӯҳ Тоҷикистон соли 2011 ба дастоварди ҷаҳонӣ ноил гардид. Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес Дэвид Чемберс шаҳодатномаи рекорди ҷаҳониро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. Ин рӯйдод дар таърихи навини кишвар ҳамчун яке аз саҳифаҳои хотирмони даврони соҳибистиқлолӣ сабт гардид.

Имрӯз Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо яке аз мавзеъҳои зебову бошукӯҳи пойтахт, балки рамзи эҳтиром ба истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон мебошад. Парафшонии Парчами миллӣ дар ин баландӣ ба ҳар як сокини кишвар ёдрас месозад, ки ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи пуршараф ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Махсусан, дар ин раванд нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ басо муҳим аст. Донишгоҳ ҳамчун маркази илму маърифат дар баробари омода намудани мутахассисони соҳибкасб, инчунин дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Донишҷӯён ҳамчун насли ояндасози кишвар бояд бо дарки амиқи арзишҳои истиқлолият, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва шинохти таърихи давлатдории тоҷикон ба камол расанд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар сухан, балки дар рафтору кирдор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ҷамъиятии ҳар як ҷавон таҷассум ёбад. Зеро ояндаи дурахшони давлат аз сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, мақому манзалати миллати тоҷик ва дастовардҳои мардуми он дарак медиҳад. Парафшонии Парчами миллӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои фарҳангӣ эҳсоси ифтихору сарбаландии миллиро дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад. Ҳар боре, ки Парчами кишвар дар арсаи байналмилалӣ барафрохта мешавад ва Суруди миллӣ садо медиҳад, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан дар вуҷуди ҳар як фарди худогоҳ тақвият меёбад.

Рӯзи Парчами давлатӣ моро водор месозад, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бештар бирасем, дастовардҳои давлатдориро ҳифз намоем ва бо меҳнати содиқона дар ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорем. Зеро эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо бо таҷлили як санаи таърихӣ маҳдуд намешавад, балки бояд дар муносибат ба Ватан, садоқат ба давлат, риояи қонунҳо ва фаъолияти созандаи ҳар як шаҳрванд таҷассум ёбад.

 

Толибшо ҲАМЗАЕВ,

эдвайзер оид ба таълими факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ