Коррупсия яке аз зуҳуроти қадимтарин ва хатарноктарини иҷтимоӣ буда, дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеаи инсонӣ мушоҳида мешавад. Он эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти давлатӣ коҳиш дода, ба рушди иқтисодиёт монеа эҷод мекунад, адолати иҷтимоиро халалдор месозад ва имкониятҳои пешрафти шахсони соҳибистеъдод, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатро маҳдуд менамояд. Бо вуҷуди ин, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки муқовимат ба коррупсия имконпазир аст, ба шарте ки он хусусияти пайваста, фарогир ва низомнок дошта, на танҳо ба татбиқи чораҳои ҷазодиҳӣ, балки ба пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи ин зуҳурот низ равона карда шавад.

Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии коррупсия коҳиш додани имкониятҳои содир намудани амалҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ҳолатҳое, ки гирифтани як ҳуҷҷат ё иҷозатнома гузаштани марҳилаҳои сершумори маъмурӣ, гирифтани якчанд имзо ва тасдиқро талаб мекунад, эҳтимоли сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ, кам намудани монеаҳои бюрократӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ ва маҳдуд сохтани робитаҳои бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор аз ҷумлаи чораҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Эстония дар самти рушди ҳукумати электронӣ намунаи қобили омӯзиш мебошад. Дар ин кишвар истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, мубодилаи маълумот байни муассисаҳо ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои электронӣ ба баланд бардоштани шаффофияти идоракунӣ мусоидат кардааст.

Самти дигари муҳими муқовимат ба коррупсия таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Дастрасии ҷомеа ба маълумот дар бораи буҷети давлатӣ, хариди давлатӣ, хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти молиявии муассисаҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки истифодаи захираҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати шаҳрвандон қарор гирад. Ҳар як шаҳрванд бояд имконият дошта бошад, ки маълумоти заруриро оид ба самтҳои хароҷоти маблағҳои давлатӣ дастрас намуда, самаранокии истифодаи онҳоро арзёбӣ кунад.

Дар ин раванд танҳо нашри маълумоти оморӣ кофӣ нест. Маълумот бояд дар шакли фаҳмо, дақиқ ва дастрас пешниҳод гардад, то рӯзноманигорон, муҳаққиқон, коршиносони мустақил ва шаҳрвандони одӣ тавонанд онро таҳлил ва санҷиш намоянд. Таъмини дастрасии озод ба иттилооти ҷамъиятӣ яке аз заминаҳои муҳими ташаккули идоракунии масъулиятнок ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Дар баробари ин, ногузирии ҷавобгарӣ барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз вазнинии ҷазо аҳаммияти бештар дорад. Агар шахси мансабдор дарк намояд, ки ҳар гуна қонуншиканӣ ошкор ва мавриди баррасии ҳуқуқӣ қарор мегирад, эҳтимоли даст задан ба амалҳои коррупсионӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ бояд дар асоси қонунгузорӣ, мустақилият, беғаразӣ ва риояи принсипи баробарии ҳама дар назди қонун амалӣ карда шавад.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ бояд нисбат ба ҳамаи шахсони гунаҳкор, новобаста аз мансаб, мақоми иҷтимоӣ ва мавқеи ҷамъиятии онҳо, дар асоси далелҳои қонунӣ татбиқ гардад. Ин равиш барои таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ мусоидат мекунад.

Масъалаи таъмини музди меҳнати муносиб ва шароити арзандаи фаъолияти кормандони соҳаи давлатӣ низ дар пешгирии коррупсия аҳаммияти муайян дорад. Муаллимон, табибон, кормандони хурди давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бояд бо шароити муносиб ва музди меҳнате таъмин бошанд, ки ба талаботи зиндагии шоиста ҷавобгӯ бошад. Албатта, баланд бардоштани музди меҳнат худ аз худ коррупсияро бартараф намекунад, зеро омилҳои ин зуҳурот танҳо бо вазъи иқтисодии кормандон маҳдуд намешаванд. Бо вуҷуди ин, таъмини шароити одилонаи меҳнат дар якҷоягӣ бо назорати муассир, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ метавонад ба коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.

Дар муқовимат ба коррупсия нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ низ хеле муҳим мебошад. Матбуоти мустақил, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои касбӣ ва шаҳрвандони фаъол метавонанд дар ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ саҳми назаррас гузоранд.

Барои самаранокии чунин фаъолият зарур аст, ки шахсони дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ хабардиҳанда аз таҳдид, фишор, таъқиб ва дигар шаклҳои интиқом ҳимоя карда шаванд. Таъмини кафолатҳои ҳуқуқии хабардиҳандагон, ҳифзи махфияти маълумоти онҳо ва ташкили механизмҳои бехатари пешниҳоди иттилоот метавонанд омодагии шаҳрвандонро барои ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор зиёд намоянд.

Тарбияи насли наврас ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ низ яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Агар кӯдак дар муҳити оила ва муассисаи таълимӣ бо ҳолатҳои тақаллуб, беинсофӣ, истифодаи робитаҳои шахсӣ барои ба даст овардани имтиёз ва сарфи назар намудани қоидаҳои умумӣ рӯ ба рӯ шавад, эҳтимоли ташаккули чунин муносибат дар рафтори минбаъдаи ӯ зиёд мегардад.

Аз ин рӯ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бояд аз синни хурдсолӣ оғоз гардад. Муассисаҳои таълимӣ дар ин раванд бояд на танҳо донишҳои назариявӣ, балки арзишҳои ростқавлӣ, адолат, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонунро низ дар замири хонандагону донишҷӯён ташаккул диҳанд. Дар ин самт намунаи рафтори падару модарон, омӯзгорон ва дигар намояндагони ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамкории байнидавлатӣ низ яке аз воситаҳои муҳими муқовимат ба коррупсия мебошад. Ҷараёни ғайриқонунии сармоя, интиқоли маблағҳои бо роҳи ҷиноятӣ бадастомада ба хориҷи кишвар ва фаъолияти шабакаҳои фаромиллии коррупсионӣ ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои гуногунро тақозо менамояд.

Дар ин замина, мубодилаи иттилоот, ҳамкории ҳуқуқӣ, баргардонидани дороиҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада ва иштироки фаъол дар созишномаҳои байналмилалӣ аҳаммияти калон доранд. Яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар ин самт Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия мебошад, ки заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории давлатҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳурот муайян менамояд.

Ҳамин тариқ, муқовимат ба коррупсия дар ҷомеаи муосир раванди мураккаб ва бисёрҷанба буда, татбиқи маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва маърифатию тарбиявиро талаб мекунад. Соддагардонии расмиёти маъмурӣ, рушди ҳукумати электронӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ногузирии ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат, ҳимояи хабардиҳандагон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин раванд мебошанд.

Муқовимати самаранок ба коррупсия танҳо дар сурати ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва худи шаҳрвандон имконпазир мегардад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки коррупсия на танҳо қонуншиканӣ, балки монеаи рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва таъмини имкониятҳои баробар мебошад.

Дар ниҳоят, муқовимат ба коррупсия кори якрӯза ё вазифаи танҳо як ниҳоди давлатӣ нест, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Танҳо дар шароити ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, риояи қонун ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавон заминаҳои заруриро барои бунёди ҷомеаи одилона, шаффоф ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ устувор фароҳам овард.

 

А. СУЛАЙМОНОВ,

муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ