РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ» ВА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ
Иқтисоди «сабз» шакли рушди иқтисодиест, ки дар он баланд намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, дар заминаи технологияи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи молу маҳсулот дар мадди аввал қарор дошта, он ба тавозуни рушди иқтисодӣ ва беҳдошти муҳити зист равона гардидааст.
Воқеан ҳам, иқтисодиёти анъанавӣ ҳангоми истеҳсоли молу маҳсулот ба муҳити зист таъсири манфӣ дар шакли партовҳо бештар менамояд, вале рушди иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ баръакс ба кам намудани партовҳои истеҳсолӣ дар занҷираи истеҳсолӣ равона гардида, дар заминаи рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва экологӣ ҳалли худро меёбад.
Барои аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур, яъне кам намудани газҳои гулхонагӣ ва камшавии пиряхҳо, нигоҳдории олами набототу ҳайвонот, тағйирёбии иқлими сайёра ва хизматрасониҳои экосистемавӣ хеле муҳим буда, мақсад ва вазифаҳои чунин як шакли хоҷагидорӣ дар барномаҳои СММ оид ба гузариш ба иқтисоди «сабз» (green economy), барномаи «рушди сабз»-и (green growth) кишварҳои ОЭСР (2008-2012) хеле хуб оварда шудааст ва он зарурати мутобиқнамоии шакли хоҷагидориро ба самти коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист тақозо менамояд.
Тайи даҳсолаҳои охир мавзуи иқтисоди «сабз» на танҳо аз ҷониби олимону мутахассисони экологию иқтисодӣ, балки дар форуму ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва роҳбарони сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар бораи иқтисоди «сабз» Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ соли 2018 дар мавриди рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд намуда буданд, ки иқтисоди “сабз”, пеш аз ҳама, ба рушди сайёҳӣ, бахусус экологӣ, сохтмони иншооти табобатию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ дода, барои рушди устувори минтақаҳои мамлакатамон шароитҳои мусоид фароҳам меорад ва рушди инфрасохтори бозорӣ, бахусус таблиғи ширкатҳои ватание, ки ба ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нӯшокӣ машғуланд, метавонанд имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро ба иқтисоди «сабз» афзун намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки норасоии оби нӯшокӣ имрӯз ба яке аз проблемаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳои омории ҷаҳонӣ, то солҳои 2030-ум масъалаи қонеъгардонии талаботи солонаи аҳолии кураи замин бо оби нӯшокӣ ва дастрасии он аз сарчашмаҳо ба масъалаи муҳими ҳастӣ табдил меёбад. Аз ҷониби дигар, эҳтимоли беҳдошти вазъи санитарию гигении 2,6 млрд аҳолии кураи замин дар назар дошта шудааст ва имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 884 млн нафар одамон аз истифодаи обҳои нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Амалӣ намудани ташаббуси Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нӯшокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Самти дигари рушди иқтисоди «сабз» амалисозии технологияи сарфаи энергияи барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ буда, он дар ҳаҷми 527 млрд Квт соат арзёбӣ гардида, аз ин миқдор зиёда аз 300 млрд Квт соаташ аз ҷиҳати техникӣ дастрас аст. Тибқи нишондоди созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва рушди иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд.
Таъсиси Шурои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин самт пайравӣ ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, ба тайёр намудани мутахассисони бахши мазкур ва ҳалли дастҷамъонаи рушди сифатан нави иқтисоди «сабз» дар заминаи технологияи нави аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди соҳаи кишоварзии органикӣ, самаранокии баланди соҳаи энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ аз нигоҳи илмӣ асосноккардашуда мусоидат менамояд.
Нурализода Эмомалӣ Нуралӣ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng