ҶОНИБДОРӢ АЗ «СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ»
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025)
Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо санади стратегӣ, балки роҳнамои рушду тараққиёти устувори давлат ва ҷомеа буда, самтҳои асосии тараққиёти кишварро барои соли оянда муайян менамояд.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паём ҷамъомадҳои махсус баргузор мегарданд, зеро ин ҳуҷҷат барои устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ аҳамияти хоса дорад. Пешвои миллат дар Паёми худ бори дигар таъкид намуданд, ки ояндаи давлат аз сатҳи донишу маърифати ҷавонон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобаста аст.
Донишгоҳи мо низ дар ин раванд вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани дурнамо ва ҳадафҳои Паём фаъолияти маорифпарварӣ ва корҳои ободониву созандаро боз ҳам тақвият бахшад.
Корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҷузъи ҷудонашавандаи рушди Тоҷикистон мебошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кории худ пайваста бо рафти корҳои созандагӣ аз наздик шинос мешаванд ва барои беҳтар гардидани инфрасохтор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Бо роҳбарии Пешвои миллат кишвар ба марҳалаи нави пешрафт ворид мегардад. Соли 2026 ҳамчун имкони зарурӣ барои вусъат додани корҳои ободонӣ эълон гардидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар боз ҳам шукуфон гардидани Ватани азиз саҳм гузорад.
Пешвои миллат дар Паёми худ аз саҳми соҳибкорон ва мардуми кишвар дар бунёди роҳҳо, сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, бо қадрдонӣ ёдовар шуданд.
Сардори давлат махсус таъкид карданд: «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби дониш, савод ва ҳунар гарданд».
Ҷавонони мамлакат имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши фаъол доранд. Ба боварии Пешвои миллат, ҷавонони ватандӯсти даврони истиқлол минбаъд низ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар Паём, ҳамчунин ба нақши бонувону занони кишвар дар корҳои созанда ва рушди ҷомеа арҷгузорӣ карда шуд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо ифтихори миллӣ ва ҳисси масъулият барои ободии Ватан корҳои созандаро анҷом диҳад ва ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки миллати тоҷик соҳиби фарҳанги бою қадима ва тамаддуни куҳанбунёд аст.
Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон ба иҷрои корҳои бузург қодир буда, барои ҳифзи озодӣ ва истиқлол ҳамеша омода мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд бо ҳидояти Пешвои миллат барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони маҳбуб талош варзем.
Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳод рамзи таваҷҷуҳи махсус ба рушди маънавию фарҳангӣ ва ҷалби умумимардумӣ ба корҳои созанда мебошад.
Дар асоси ин ҳидоятҳо, раёсати маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшуда корҳои зиёди ободониро ба иҷро мерасонад. Барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, таъмини тозагӣ ва омодагии доимии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Шанбегиҳои дастҷамъона пайваста баргузор мегарданд, то муҳити донишгоҳ ҳамеша тозаву зебо ва барои таҳсил мусоид бошад.
Диловаршо МУРОДЗОДА,
муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng