Забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат, омили ваҳдат ва воситаи ифодаи таъриху фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандҳазорсола ва мероси ғании адабию фарҳангӣ мебошад, ҳифз ва рушди забони модарӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, рушди забоншиносии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷомеа тадбирҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва фарҳангӣ амалӣ гардиданд.

Бо ба даст омадани истиқлолият имкониятҳои рушди миллӣ ва татбиқи сиёсати мустақили забонӣ ба таври назаррас васеъ гардиданд.

Соли 2000-умро метавон яке аз марҳилаҳои муҳим дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Аз ин давра раванди гузариши муассисаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳо ба забони давлатӣ вусъат пайдо намуд. Коргузории расмӣ, қабули санадҳои давлатӣ, амру фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим тадриҷан ба забони тоҷикӣ гузаронида шуданд. Дар сохторҳои иқтисодӣ, низоми бонкӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳо низ истифодаи забони давлатӣ густариш ёфт.

Қадами муҳими дигар дар самти ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 мебошад.

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ, тартиби истифода ва ҳифзи онро муайян намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии забон заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар асоси ин қонун, низоми назорат ва танзими истифодаи меъёрҳои забони адабӣ тақвият ёфт.

Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими даврони истиқлол мебошад. Ин ниҳод дар татбиқи сиёсати давлатии забон, ҳамгунсозии истилоҳот, назорати риояи меъёрҳои забони адабӣ ва иҷрои барномаҳои соҳавӣ нақши муҳим дорад.

Дар даврони истиқлол барои рушди забоншиносии тоҷик имкониятҳои нави илмӣ ва эҷодӣ фароҳам омаданд. Таҳияи фарҳангҳои забонӣ, донишномаҳо, дастурҳои таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ яке аз самтҳои муҳими ин раванд гардид.

Дар ин давра «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд нашр шуда, таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ» оғоз гардид. Ҳамчунин бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд ба роҳ монда шуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлол эълон гардидани соли 2008 ҳамчун «Соли забони тоҷикӣ» буд. Ин иқдом бо таҷлили 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоҳанг шуда, ба баргузории чорабиниҳои зиёди илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ мусоидат намуд.

Дар ин давра, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ, таърихи он, адабиёти классикӣ ва мероси хаттии миллат бештар гардид. Барои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ вазифаҳои нав гузошта шуда, зарурати рушди забони илмӣ, такмили забони китобҳои дарсӣ ва матбуот таъкид гардид.

Марҳилаи нави рушди сиёсати забонӣ бо қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» оғоз гардид. Барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ шуда, барои рушди устувори забони давлатӣ дар давоми даҳ сол пешбинӣ шудааст.

Барнома дар ду марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, ба такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ ва таҳияву интишори истилоҳоти соҳавӣ равона шудааст. Марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030-ро фаро гирифта, масъалаҳои таҳқиқ, омӯзиш, назорат ва ташкилиро идома медиҳад.

Хулласи калом, даврони истиқлол барои забони тоҷикӣ давраи муҳим ва сарнавиштсоз гардид. Дар ин марҳила забони тоҷикӣ мақоми ҳуқуқии устувор пайдо намуда, дар идоракунии давлатӣ, коргузорӣ, маориф, фарҳанг, илм ва воситаҳои ахбори омма мавқеи худро таҳким бахшид.

 

Рухшона ДАВЛАТОВА,

омӯзгори ДДМИТ