Маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва муайянкунандаи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳар як давлат ба сатҳи илму дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати шаҳрвандони он вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳони муосир рушди соҳаи маориф ҳамчун омили асосии пешрафти давлат ва ҷомеа эътироф гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маориф дар даврони истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди низоми маорифи миллӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккули низоми мустақили маориф, мутобиқ намудани мазмуну муҳтавои таълим ба талаботи ҷомеаи нав ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ба миён омад. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, давлат тавонист барои нигоҳ доштани низоми таълиму тарбия ва минбаъд рушд додани он тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Истиқлолият дар назди соҳаи маориф вазифаҳои нав гузошт. Пеш аз ҳама, зарур буд, ки низоми таълим ба талаботи давлати соҳибистиқлол мутобиқ карда шавад. Дар ин замина, таҳияи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзими фаъолияти соҳаи маориф аҳамияти муҳим пайдо намуд. Дар даврони истиқлолият муносибат ба маориф ҳамчун соҳаи стратегии ҷомеа боз ҳам тақвият ёфт. Зеро давлат дарк намуд, ки бе омода намудани насли босавод, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ рушди устувори мамлакат ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба маориф ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ мегардад. Яке аз ҳадафҳои муҳим дар ин самт баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани шароити таҳсил, омода намудани омӯзгорони соҳибкасб ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими соҳаи маориф ин истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир ба шумор меравад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳо донишҷӯён бояд на танҳо аз китобҳои дарсӣ, балки аз захираҳои электронии таълимӣ низ истифода бурда тавонанд.

Истифодаи компютер, тахтаҳои электронӣ, интернет, китобҳои электронӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ метавонад раванди таълимиро ҷолибтар ва самараноктар гардонад. Технологияҳои муосир инчунин имкон медиҳанд, ки донишомӯзон ба манбаъҳои гуногуни иттилоот дастрасӣ пайдо намуда, мустақилона донишҳои худро васеъ намоянд.

Дар баробари ин, истифодаи технология бояд бо баланд бардоштани саводи рақамӣ ва фарҳанги истифодаи иттилоот ҳамроҳ бошад. Донишҷӯ бояд тавонад иттилооти дурусту боэътимодро аз маълумоти нодуруст фарқ намояд ва технологияро ба таври мақсаднок истифода барад.

Яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф дар даврони истиқлолият бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои нав сохта шуда, муассисаҳои таълимии мавҷуда таъмиру таҷдид гардиданд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба Рузи дониш 31 августи соли 2026 қайд намуданд “Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.” Ин раванд барои фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, махсусан дар минтақаҳое аҳамияти калон дорад, ки шумораи аҳолӣ ва талабот ба ҷойҳои таҳсил меафзояд. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳо, китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар шароити зарурӣ ба баланд шудани сифати таълим мусоидат мекунанд.

"Рушди маориф ба талошу фидокориҳои бузургони ин миллат бастагӣ дорад. Миллати муваффақ онест, ки дар баробари замон қадам мегузорад ва навгониҳои муосирро дар таълиму тарбия фаро мегирад, дар муассисаҳои таълимии кишвар ба ҷаҳони муосир ҷавобгӯ бошад. Камбуду норасоиҳои мавҷударо бартараф месозад." - қайд мекунанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 31 июли соли 2025 барои омӯзгорон уфуқҳои илҳомбахш боз карда, нақши калидии онҳоро дар ҷомеа таъкид менамояд.

Омӯзгор дар рушди соҳаи маориф нақши калидӣ дорад. Ҳеҷ гуна ислоҳоти соҳаи маориф бе омӯзгори соҳибкасб ва масъулиятшинос натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Аз ин рӯ, дар даврони истиқлолият ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани шароити фаъолияти ӯ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки шахсияти хонандаро ташаккул медиҳад. Тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ аз вазифаҳои муҳими омӯзгори муосир мебошад.

Имрӯз аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки ҳамеша дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳад, аз усулҳои нави таълим истифода барад ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад. Рушди касбии омӯзгорон ва такмили ихтисоси онҳо яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим мебошад.

Дар даврони истиқлолият низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон низ тағйироти назаррасро аз сар гузаронид. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун фаъолияти худро васеъ намуданд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар Рузи дониш 31 августи соли 2026 ироа намуданд “Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нақши шоиста доранд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.”

Хулоса, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф марҳилаи муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Дар ин давра барои ташаккули низоми миллии маориф, бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, рушди таҳсилоти олӣ ва касбӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин тарбияи насли наврас корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ин рӯ, мо, кормандони соҳаи маориф ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро қадр намуда, кушиш менамоем, ки баҳри амалӣ намудани ин корҳо саҳми назарраси худро расонем ва дар тарбияи мутахасисони соҳибтаҷриба саъю талош карда истодаем.

 

Манучеҳр ҲАМРОЕВ,

ассисенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ