СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ САНОАТИ ТОҶИКИСТОН
“Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар натиҷа имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ саноат тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳимтарини рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти молҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Саноат маҷмуи соҳаҳо ва корхонаҳои истеҳсолие мебошад, ки ба истихроҷи захираҳои табиӣ, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли молҳо машғуланд. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ, неруи барқи обӣ, маъданҳои кӯҳӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва қувваи корӣ мебошад, рушди саноат аҳамияти стратегӣ дорад.
Солҳои аввали истиқлол барои иқтисоди Тоҷикистон давраи бисёр душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиши истеҳсолот, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва заиф гардидани иқтидори истеҳсолии кишвар шуд.
Аз соли 1996 воридоти молҳои саноатии хориҷӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷа, қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро қатъ намуда, корхонаҳои фаъол низ дар рақобат бо маҳсулоти воридотӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин вазъ зарурати барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ташкили заминаҳои нави рушди саноатиро ба миён овард.
Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ имконият барои рушди иқтисодӣ бештар гардид. Дар ин замина, саноат ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ саноат ба яке аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Сиёсати дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ мусоидат намуд.
Яке аз ҳадафҳои муҳим дар ин самт саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми миллии Тоҷикистон муайян гардида, барои таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири миллӣ замина мегузорад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар доираи солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 177 корхонаи саноатӣ бо 14861 ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, коркарди маъдан ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, тайи нуҳ моҳи соли гузашта 25 корхонаи нав бо 1847 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Президенти мамлакат аз ин корхонаҳо, ки бо таҷҳизоти муосири истеҳсолии каммасраф ҷиҳозонда шудаанд, боздид намуданд.
Саноати Тоҷикистон дорои сохтори гуногунсоҳа мебошад. Дар кишвар коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, истеҳсоли ангишт, нафту газ, металлҳои ранга, саноати сабук, химия, масолеҳи сохтмон, мошинсозӣ, пилла, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо рушд доранд.
Яке аз соҳаҳои муҳими саноат саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди маъданҳои фоиданок буда, дар қаламрави кишвар конҳои тилло, нуқра, сурб, руҳ, мис, литий, сурма, волфрам ва дигар маъданҳо мавҷуданд. Истифодаи самараноки ин захираҳо метавонад ба рушди саноати коркард, афзоиши содирот ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
Саноати хӯрокворӣ низ аҳамияти калон дорад. Фаровонии ашёи хоми кишоварзӣ имконият медиҳад, ки меваю сабзавот, гӯшт, шир, равған, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол карда шаванд. Рушди ин соҳа ҳамзамон ба баланд гардидани арзиши ашёи хоми ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Саноати сабук яке аз соҳаҳои дорои имкониятҳои васеи рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишвар дорои захираҳои хуби пахта, пӯст, пашм ва пилла мебошад. Бо вуҷуди ин, иқтидори коркарди ашёи хом ҳанӯз пурра истифода намешавад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳим ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр мебошад. Ба ҷойи содироти ашёи хом метавон ришта, матоъ, либос, пойафзол, қолин ва дигар маҳсулоти дорои арзиши иловашуда истеҳсол намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди мошинсозӣ низ қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Ба роҳ мондани истеҳсол ва ҷамъу васли автобусҳо, тракторҳо, мошинолоти кишоварзӣ, таҷҳизоти барқӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ нишон медиҳад, ки саноати Тоҷикистон тадриҷан ба истеҳсоли маҳсулоти нисбатан мураккаб мегузарад.
Корхонаи ҷамъу васли автобусҳои тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе ва ҶСП «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор аз намунаҳои рушди ин самт мебошанд. Чунин корхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, коҳиш додани воридот ва рушди малакаҳои техникии мутахассисони миллӣ замина фароҳам меоранд.
Саноати кимиё низ барои иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад. Истеҳсоли маводи кимиёвӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ метавонад вобастагии кишварро аз воридоти чунин маҳсулот кам намуда, барои рушди кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод шароити мусоид фароҳам созад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми саноатикунонии кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Рушди металлургия, мошинсозӣ, химия, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дигар соҳаҳо ба муҳандисон, технологҳо, конструкторон, барномасозон, мутахассисони автоматикунонӣ ва дигар кадрҳои техникӣ эҳтиёҷи рӯзафзун дорад. Аз ин рӯ, рушди таҳсилоти касбӣ ва техникиву муҳандисӣ бояд бо талаботи бозори меҳнат ҳамоҳанг карда шавад. Ҳамкории донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва корхонаҳои саноатӣ метавонад барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи устувор фароҳам оварад.
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд дар таҳия ва тиҷоратикунонии технологияҳои нав фаъолтар иштирок намоянд. Ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф, автоматикунонии истеҳсолот, коркарди партовҳо ва истифодаи манбаъҳои энергияи тоза метавонад рақобатпазирии саноати миллиро баланд бардорад.
Соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон имконияти ташаккули иқтисоди миллӣ ва гузоштани заминаҳои рушди устувори саноатиро фароҳам овард. Агар солҳои аввали истиқлол бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва коҳиши истеҳсолот ҳамроҳ бошанд, дар марҳилаҳои минбаъда соҳаи саноат тадриҷан барқарор ва рушд карда, ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфт.
Ояндаи саноати миллӣ, пеш аз ҳама, ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди инноватсия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобаста аст.
Бинобар ин, соҳибистиқлолӣ ва саноатикунонӣ ду раванди ба ҳам пайванданд: истиқлолияти сиёсӣ заминаи рушди иқтисодиро фароҳам меорад ва саноати пуриқтидор бошад, истиқлолияти иқтисодии давлатро таҳким мебахшад. Рушди саноати миллӣ метавонад Тоҷикистонро ба кишвари дорои иқтисоди рақобатпазир, истеҳсолоти муосир ва маҳсулоти содиротии баландсифат табдил диҳад.
Нодирҷон СОЛИЕВ,
н.и.и., дотсент, мудири кафедраи бехатарии иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng