Саҳифаҳои таърих дар тули садсолаҳо борҳо собит намудаанд, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои сангин ва рӯзҳои пурпечутобро паси сар карда, баъд аз ҳар як шикасту ноомадӣ бо неруи тоза эҳё гардида, ба камолоти бештар ноил шудааст. Дар ин масир, таҷрибаи таърихи навини миллиамон бо асноду далелҳои воқеӣ нишон медиҳад, ки барои расидан ба истиқлоли комил Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фарзонафарзандони миллат як қатор монеаҳои вазнинро паси сар намудааст.

Албатта, дар ин раванд, воқеияти асосӣ дар он зоҳир гардид, ки бо дарки манфиатҳои миллӣ ва дар мадди аввал гузоштани манофеи миллату Ватан метавон ба ҳадафҳои бузург ноил гардид. Бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳои арзишманди таърихӣ таъкид кардан ба маврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар гирудорҳои пурпечутоби дохилӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги ғаниву қадима ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.

Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ин санади тақдирсози миллӣ заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолатҳои таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварда, кишвари моро соҳиби рамзҳои муқаддаси давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардонид.

Ташаккули марҳилаҳои нави таърих ва сабақҳои ибратомӯзи он собит намуданд, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мақому мавқеи хосса дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад.

Албатта, бо дарки воқеияти рӯз, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо намуданд. Таҳти дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тоза касб намуд. Дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, иқтидори истеҳсолии он пайваста тақвият меёбад.

Гузашти давраҳои пурифтихор ва хизматҳои фарзандони тавонманди миллат, махсусан дастовардҳои даҳсолаҳои охир боиси омӯзиш ва қадршиносии ҳар яки мо буда, барои муайян намудани роҳи ояндаи давлату миллат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ин давра, таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои арзишманди миллӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ имкон фароҳам овард, ки мо решаҳои устувори худро аз гузашта дарёфт намуда, пайванди ногусастании худро бо таъриху фарҳанги миллӣ бештар эҳсос намоем.

Бо саодати шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва татбиқи ташаббусҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин марҳила тавонист ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масоили муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста касб намояд. Дар ин масир, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳ ва мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуда, ташаббусҳои байналмилалии кишвар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлат табдил ёфтанд.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озодандеш, дорои тафаккур ва ҷаҳонбинии нав ба камол расид. Бо эътимоду боварии қавӣ метавон гуфт, ки ин насл дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлол ва идомадиҳандаи корҳои созанда хоҳад буд.

Бо дарки моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои миллӣ, тарғибу таблиғ, васфу ситоиш ва тараннуми Истиқлоли давлатӣ дар миёни ҷомеа ва махсусан дар миёни насли наврасу ҷавон бояд аз ҳарвақта бештар ба роҳ монда шавад. Зеро Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, заминаи ташаккули муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас, василаи амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва имкони омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ, заминаи устувори таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими истиқлол, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.

 

Бунафша АСОЕВА,

дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ