Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2026, таҳти №1184 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» на танҳо як санади нави ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ таъсиси чунин ҷоиза ба марҳалаи нави институтсионализатсияи дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора мекунад. Агар ибтикороти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир бештар дар шакли пешниҳодҳо, қатъномаҳо ва корпояҳои (платформаҳои) муколама амалӣ мегардиданд, акнун механизми нави ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, ки метавонад ба рушди дониш, навоварӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об такони ҷиддӣ бахшад.

Матни фармон чор самти асосии фаъолияти ояндаи ҷоизаро муайян менамояд:

  1. Рушди ҳамкории байналмилалӣ;
  2. Таҳқиқоти илмӣ;
  3. Сиёсати устувор;
  4. Ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим.

Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд.

Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо кард, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об, ҳифзу нигаҳдории он мувоҷеҳи мушкилот нагардида бошад. Имрӯз ин мушкилии бар сари Замину инсоният омада моро водор менамояд, ки инсонҳову давлатҳои рӯи олам дар якҷоягӣ, бо муросову ҳамраъйии ҳамдигар роҳи ҳаллу пешгирии онро омӯзанду биёбанд.

Миллати мо ифтихор аз он дорад, ки Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсти он ҳанӯз аз соли 2009 талоши худро барои ҳифзи иқлим ва об оғоз карда буданд. Соли 2009 дар Копенгаген, дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико, баъдан моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси босуръат об шудани пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод аст ва метавонад оқибатҳои манфиву мудҳиш ба бор орад, ибрози андеша доштанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан, дар манотиқи кӯҳсор шуда метавонад. Дар саросари ҷаҳон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри соли 1999) соли 2003 – “Соли оби тоза” эълон карда шуд. Ин ташаббус асос гузошт, то дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардад. Дар ин замина, дар саросари олам якчанд тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Бо ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Дар раванди татбиқи даҳсолаи мазкур ҷониби Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гашт.

Мушкилоте, ки дар масъалаи тақсимоти захираҳои об дар байни давлатҳои олам вуҷуд дорад, дар баъзе мавридҳо таҳдид ба сар задани муноқишаҳои байни кишварҳо дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъалаи мазкур 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО ва механизми «СММ-об» оид ба масоили истифодаи оқилона ва самараноки об суханронӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2013 “Соли дипломатияи об” эълон карда шавад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Ба ин далелҳо метавон илова кард, ки ташаббусҳои Президенти кишвари мо дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид гардида, дар таърихи рушди инсоният саҳифаҳои тоза боз намудаанд.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳест ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра.

Натиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Бидуни шубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об, роҳест ба сӯи фардои дурахшони аҳли башар.

Ин ҷоиза аз доираи як механизми мукофотонӣ хеле фаротар меравад. Он рамзи гузариш аз ташаббускорӣ ба институтсионализатсияи пешсафии байналмилалӣ дар соҳаи об мебошад. Агар ибтикорҳои пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда бошанд, ҷоизаи нав метавонад ба ташаккули ҷомеаи ҷаҳонии дониш, навоварӣ ва ҳамкорӣ дар ин арса саҳми муассир гузорад.

Мо умедворем, ки иқдомҳои пай дар пайи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташавишу изтироб овардааст, нақши бориз гузорад.

Раъно МИРМУҲАММАДЗОДА,

мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, н.и.п, дотсент