Оила макони меҳрубонӣ, муҳаббат, эҳтиром ва тарбияи инсон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар муҳити оила инсон нахустин сабақҳои зиндагӣ, ахлоқ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносиро меомӯзад. Аз ин рӯ, оилаи солим асоси ҷомеаи солим ва давлатдории устувор маҳсуб меёбад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими муносибатҳои хонаводагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се омили иҷтимоӣ - оила, муассиса ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад”.

Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозанд, ки ҳамкории зичи оила ва муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли солим нақши асосӣ дорад.

Дар ин раванд, чорабиниҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, конфронсҳо ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ахлоқии кормандону донишҷӯён саҳми назаррас мегузоранд. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба фаъолияти касбӣ, балки ба муносибатҳои оилавии иштирокчиён низ таъсири мусбат мерасонанд.

Баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, эҳтироми ҳуқуқи занону кӯдакон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо боиси баланд гардидани сатҳи маърифати шаҳрвандон мегардад. Кормандону донишҷӯён баъди иштирок дар чунин ҳамоишҳо масъулияти бештар эҳсос намуда, барои таҳкими муҳити солим дар оилаи худ кӯшиш менамоянд.

Ҳамзамон, муҳити солими оилавӣ низ ба кору фаъолият таъсири амиқ мерасонад. Корманд ё донишҷӯе, ки дар оила фазои ором, меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад, дар фаъолияти таълимӣ ва меҳнатӣ низ фаъол, масъулиятшинос ва эҷодкор мегардад. Оилаи солим инсонро ба донишомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи ахлоқи ҳамида раҳнамун месозад.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеа пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила мебошад. Дар ин самт, донишгоҳҳо метавонанд тавассути чорабиниҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ саҳми арзанда гузоранд. Суҳбату вохӯриҳои омӯзгорону донишҷӯён бо равоншиносону ҳуқуқшиносон, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва намояндагони мақомоти дахлдор барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ аҳамияти калон доранд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои минтақа мебошад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” -ро қабул намудааст. Ин иқдоми муҳим барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, махсусан занону кӯдакон заминаи ҳуқуқии мусоид фароҳам овард. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам зарурати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа вуҷуд дорад.

Нақши занону модарон дар тарбияи фарзанд ва таҳкими оила басо муҳим мебошад. Маҳз модар бо меҳрубонӣ, муҳаббат ва ғамхории худ фарзанди солимақл ва ватандӯст тарбия мекунад. Дар баробари ин, падар низ ҳамчун роҳнамо ва масъули оила бояд дар таълиму тарбияи фарзанд саҳми фаъол дошта бошад.

Имрӯз дар ҷомеаи мо оилаҳои соҳибмаърифат зиёданд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ тарбия менамоянд. Маҳз чунин оилаҳо метавонанд ҷомеаро аз амалҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистӣ эмин нигоҳ доранд.

Бояд қайд кард, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби занон муовини ректор оид ба тарбия фаъолият намуда, инчунин, раёсати ташкиливу тарбиявӣ ва сармутахассиси оид ба занон ва духтарон амал менамоянд, ки пайваста бо ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва суҳбату вохӯриҳо саҳми босазои хешро дар пешбурди таълиму тарбия ва муҳити солим, тарғиб тарзи ҳаёти солим мегузоранд.

Ҷаласаҳои маърифатие, ки дар ДДМИТ доир мегардад, барои таҳкими ҳамкории байни оила ва муассисаи таълимӣ мусоидат менамоянд. Вақте падару модарон аз фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ огоҳ мешаванд, онҳо низ дар тарбияи фарзанд фаъолтар иштирок мекунанд. Ин ҳамкорӣ боиси баланд гардидани сатҳи масъулиятшиносӣ ва интизоми донишҷӯён мегардад.

Дар маҷмуъ, таъсири мутақобилаи оила ва донишгоҳ дар ташаккули шахсияти комил бисёр муҳим мебошад. Набояд фаромӯш сохт, ки оилаи солим корманди фаъол ва донишҷӯи намунавӣ тарбия мекунад, донишгоҳи пешрафта бошад, маърифати оилавӣ ва фарҳанги муносибатҳои инсониро таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои ҳифзи муқаддасоти оила, таҳкими муносибатҳои хонаводагӣ ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат саҳмгузор бошем. Зеро оилаи солим асоси ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.

 

Таҳмина УМАРАЛИЗОДА,

муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ