МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия ҳамчун амали манфии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба рушди устувори давлат халал расонида, ба пояҳои давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз, муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки коррупсия пешрафти иқтисодиётро суст намуда, сатҳи зиндагии мардумро паст ва имконияти рушди соҳаҳои иҷтимоиро маҳдуд месозад. Ҳамзамон, коррупсия метавонад боиси коста гардидани обрӯ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди давлат буда, мубориза бо он вазифаи муҳими ҷомеа ва давлат мебошад. Воқеан ҳам, коррупсия ба мисли зуҳуроти хатарнок фазои солими ҷомеаро вайрон намуда, принсипҳои қонуният, шаффофият ва адолатро халалдор мекунад.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, мафҳуми коррупсия дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 муайян гардидааст. Мувофиқи моддаи 1-и қонуни мазкур, коррупсия кирдоре мебошад, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор бо истифода аз мақоми хизматии худ барои ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ё ғайримоддӣ содир карда мешавад. Ин таъриф моҳияти ҳуқуқии коррупсияро пурра инъикос намуда, нишон медиҳад, ки чунин амалҳо зидди манфиатҳои давлат ва ҷомеа мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии пайдоиш ва густариши коррупсия бештар ба сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, норасоии шаффофият дар фаъолияти баъзе сохторҳо, сустии назорати ҷамъиятӣ, манфиатҷӯии шахсӣ ва сатҳи нокифояи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ доранд. Дар баъзе ҳолатҳо, шаҳрвандон барои тезонидани ҳалли масъалаҳои худ ба роҳҳои ғайриқонунӣ муроҷиат мекунанд, ки чунин амалҳо худ заминаи паҳншавии коррупсияро фароҳам месозанд.
Дар баробари ин, коррупсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ҳангоми авлавият пайдо кардани манфиатҳои шахсӣ принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун халалдор мегардад. Ин ҳолат боиси коста гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва судию ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Бинобар ин, таъмини волоияти қонун ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти аҳаммияти масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро ташкил медиҳанд.
Дар ин раванд, қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аҳаммияти махсус дорад. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати зиддикоррупсиониро муайян намуда, барои баланд бардоштани шаффофият, такмили низоми идоракунии давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии стратегия коҳиш додани сатҳи коррупсия ва ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин падида мебошад.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия танҳо тавассути ҷазо додан самарабахш намегардад. Барои пешгирии ин амал баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва поквиҷдонӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин лиҳоз, нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғиби арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ хеле муҳим мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия ҳамроҳ гардидааст. Аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки соли 2003 қабул гардидааст, яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии коррупсия ва таъмини ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ мебошад.
Имрӯзҳо рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ низ ҳамчун воситаи муҳими коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ мегардад. Зеро коҳиш ёфтани муносибатҳои мустақими инсонӣ дар раванди хизматрасонӣ имконияти содир гардидани амалҳои ғайриқонуниро кам мекунад. Аз ин рӯ, рақамикунонии низоми идоракунӣ ва густариши ҳукумати электронӣ метавонад дар таъмини шаффофият нақши муассир бозад.
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ ва худдорӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ асоси ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва ҳуқуқбунёд аст. Танҳо дар сурати муттаҳидии давлат ва ҷомеа метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дода, барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам овард.
Сафаргул АБДУСАТТОРОВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng