ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ ФАЛОКАТБОР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарорҳою чорабиниҳо дар кишвар бо назардошти таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии ба мубориза бо терроризм ва экстремизм равонашударо таҳия ва пайваста амалӣ менамояд. Аз ҳама калидии онҳо «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» мебошад, ки имсол ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад. Тадбирҳои нав ин қабули таҳрирҳои нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» (2021) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (2020) мебошад. Ин санадҳои қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба ин таҳдидҳоро муайян, масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои иштирок дар фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муқаррар ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро танзим мекунанд.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бояд гуфт, ки мо - устодон ва донишҷӯён меросбари фарҳанги гузаштагон ҳастем, дар чунин шароит вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро аз ҷумла дар давлатҳои ноороми Покистону Афғонистон, Ироқу Сурия амалҳои террористӣ содир карда мешаванд ба аҳли башар расонем. Терроризм - ин зӯроварӣ, таҳдиди истифодаи он нисбати инсон, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсон, ҳамчунин, нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддӣ, боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ мебошад. Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сӯзонидани одамон мебошад.
Тааҷҷуби мо ин ҷо бештар аз он аст, ки барои чӣ бархе аз ҷавонон ба ин гурӯҳ шомил шуда, худро шефтаи онон мекунанду барои ба он ҷо рафтан аз баҳри зиндагии ором, осудагии волидон, бародару хоҳар ва зану фарзанд мебароянд. Аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ бошад, ҳамеша сабаби пайвастани мардум, махсусан, ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Ба фикри мо, надоштани дониши кофӣ, махсусан, дар заминаи илмҳои исломӣ яке аз сабабҳои муҳими ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳи ифротгаро шудааст. Ҷавононе, ки бештар тарафдори ин гурӯҳ ва ё он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки чун дар боло ишора рафт, дар амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардаанд. Махсусан, дар Покистону Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар карда истодаанд. Нахустин бор истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи як гурӯҳи муайяни одамон ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст.
Эҳтимол аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии “таррор” гирифта бошанд. Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд. Маънои аслии экстремизм бошад, (аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣтақозо менамояд”. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хуруҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Мубориза бо экстремизм бояд дар самтҳои зерин ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо натиҷаи дилхоҳ биёранд. Пеш аз ҳама, қабули чорабиниҳои профилактикӣ, ки ба огоҳнамоии экстремизм, аз он ҷумла, ошкорнамоӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароит, ки ба амалигардии он мусоидат менамоянд, равона карда шавад. Ҳамчунин, ошкор ва бартараф намудани экстремизм тавассути ҳамкориҳои байналхалқӣ бояд ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, ба тамоми афроди ҷомеаи имрӯза зарур аст, ки насли минбаъдаи худро дар заминаи талаботи зерини мусбӣ тарбия намоянд:
- омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
- ҷалби кӯдакон ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва амсоли он.
Ба мақомоти давлатӣ зарур аст, ки барои оилаҳои камбизоат ва дорои шароитҳои номусоиди иҷтимоӣ, ба таври ройгон мактабҳои варзишӣ таъсис дода, машғулиятҳои барои ҳамагон дастраси варзиширо фароҳам оваранд. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи инсондӯстӣ дар муносибат ба атрофиён, новобаста ба тамоюли иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва ҷинсии онҳо тарбия намуда, бо кор таъмин бояд кард ва дар байни онҳо корҳои тарбиявӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, муқовимат бо экстремизм ва ғайра бурдан зарур аст.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода, дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои мубориза бурдан бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанду бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.
Бобомурод БОБОМУРОДОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng