ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, марзи ту ин накҳату ҷони ман аст,
Хоки покат қиблаи ишқу ҳам имони ман аст.
Кӯҳсоронат сутуни нангу номуси Ватан,
Хоки ту дар чашми мо аз ганҷҳои олам аст.
Рӯди Вахшу Панҷи ту оҳанги озодӣ кунанд,
Сабзҳои Данғара дилро пур аз шодӣ кунанд.
Ҳар гули хоки Ватан бӯи муҳаббат медиҳад,
Ҳар насими субҳи ту бедори уммедӣ кунад.
То нафас дар сина дорам,бо ту ҳастам, эй Ватан,
Бо ту сарсабзу шукуфонам гули боғи чаман.
Тоҷикистонам, марзи ту ин накҳату ҷони ман аст,
Меҳри покат то абад ин дар дилу ҷони ман аст.
Фахриддин РАҲИМОВ,
устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng