(Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин. 11.05.2026 сол)

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳанӯз 4-уми январи соли соли 1992 барқарор гардида, ки аз ин сана 34 сол сипарӣ гардид. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13-уми марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7-уми апрели соли 1997 ба фаъолият пардохтанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ дорои аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ буда, дар ин замина, ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монда истодаанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз ба ҳайси яке аз қудратҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар низоми байналмилалӣ шинохта шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро на танҳо ҳамсоягии ҷуғрофӣ, балки манфиатҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Дар солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, савдо, энергетика, инфрасохтор, амният ва фарҳангро фаро гирифтаанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин ҳамсоя кишвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масофаи умумии сарҳадии байни ду кишвар 495 километрро ташкил дода, ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои хуби дипломатиро аз рӯйи принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, шарикӣ ва бародарӣ ба роҳ монда истодаанд.

Аз нигоҳи сиёсӣ, Чин кишвари муҳим дар минтақа буда, дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид яке аз пешсафҳо ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ бошад, Чин бо Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду кишвари ҳамсояро тақозо мекунад ва аз нигоҳи иқтисодӣ, Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда, дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи пешсафонро дорост.

Тағйирёбии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳалаи муосир таҳти таъсири омилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифта, ба равандҳои нави геосиёсӣ ва иқтисодии минтақа алоқаманд мебошад. Татбиқи ташаббуси стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин - «Як камарбанд, як роҳ» барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва рушди зерсохтори Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳкими суботи сиёсӣ низ аз самтҳои муҳимми ҳамкории ду давлат ба шумор мераванд.

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин таъкид намудааст, ки: «Бо таваҷҷуҳ ба оянда, мо омодаем, ки бо дӯстони тоҷик нақшаи муҳташами табодули дӯстонаро тартиб диҳем ва ба хотири ояндаи дурахшони Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи судманд саҳифаҳои нав боз намоем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) хонум Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ зоҳир гардида, тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Боиси сарфарозист, ки нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳри Пекин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ рӯзи 11 май бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳиссаи бештари сармоягузориҳо ба соҳаҳои зерин рост меояд: энергетика - 28 фоиз; наклиёт ва роҳсозӣ - 24 фоиз; саноати маъдан - 21 фоиз; сохтмон - 14 фоиз; алоқа - 7%; дигар соҳаҳои саноат - 6 фоиз.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди сармоягузории Чин ба лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истихроҷи захираҳои табиӣ равона шудааст. Ин аз як тараф, ба рушди иқтисод ва навсозии инфрасохтори кишвар мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, вобастагии иқтисодии Тоҷикистонро аз сармояи беруна афзоиш медиҳад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон амалишаванда андешаронӣ намуда, таъкид гардид, ки соли гузашта дар кишвари мо Қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд, ки барои рушди ин бахш имкониятҳои хубро фароҳам меоварад.

Ин санад василаҳои муосири дастгирии сармоягузоронро пешбинӣ намуда, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро беш аз беш тақвият мебахшад.

Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.

Аз бартариҳои кишвар барои сармоягузорӣ ёдовар шуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар баробари ин, дар кишвари мо захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодиру муҳим ва металлҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, ба монанди тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам кашф шудаанд.

Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин рушди зерсохтори нақлиётӣ мебошад. Дар байни муҳимтарин лоиҳаҳои муштарак инҳоянд:

- шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба маблағи беш аз 300 миллион доллари ИМА;

- шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба маблағи тақрибан 280 миллион доллар;

- Нақби «Озодӣ» ба маблағи 80 миллион доллар;

- лоиҳаҳои нақлиётии байналмиллалӣ бо арзиши умумии зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА.

Дар соҳаи саноат имкониятҳои васеи кишвар барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, саноати кимиё ва дорусозӣ, инчунин, саноати сабук муаррифӣ гардид. Ташкили занҷираҳои пурраи арзиши иловашуда ва рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон номида шуд.

Дар маҷмуи агросаноатӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон унвон карда шуда, зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба зарурат ва аҳамияти таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ҷалб намуданд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад дар баробари кишварҳои пешрафта ба иқтисодиёти инноватсионӣ гузар намояд. Форумҳои рақамии Тоҷикистону Чин ва имзои созишномаҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ барои рушди соҳибкории муосир ва иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.

Натиҷаи муҳими ин сафар ба имзо расидани беш аз 50 санади ҳамкорӣ мебошад, ки ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллар сармояро ба иқтисоди Тоҷикистон дар назар доранд. Ин созишномаҳо на танҳо рушди саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро таъмин мекунанд, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат мусоидат менамоянд.

Қисмате аз ин созишномаҳо, аз ҷумла дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони “Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.

Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007-2024 ба наздики 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва саноати “сабз” низ манфиатдор аст.

Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номида, таъкид доштанд: “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии Тоҷикистон мавриди омӯзиши бисёр халқу кишвар ва ташкилотҳои сайёра гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишвар устувор гардида, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва кишвар дар ҳоли рушди утувори иқтисодӣ қарор мегирад.

Хулоса, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ дар марҳалаи муосир ба сатҳи баланди эътимод, манфиатҳои муштарак ва ҳамкории дарозмуддат расида, барои рушди иқтисодӣ, таҳкими субот ва густариши мавқеи ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

 

Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,

доктори фалсафа (PhD), устоди ДДМИТ