Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили асосии ҳифзи он мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, яке аз муҳимтарин нишонаҳои ҳастии миллат ва пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Миллати тоҷик таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои маънавии худро маҳз тавассути ҳамин забон ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои ҷаҳон буда, решаҳои он ба забонҳои бостонии суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ мерасад. Олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳои куҳанбунёди ориёинажод мебошанд ва забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии тамаддуни башар маҳсуб меёбад.

Солҳои бистуми асри гузашта, дар як давраи бисёр ҳассосу тақдирсоз барои халқи тоҷик, забони мо расман номи «забони тоҷикӣ»-ро соҳиб гардид. Ин воқеа яке аз заминаҳои муҳими ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз аҳли ҷаҳон моро бо номи тоҷикон, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ҳамин забон садҳо нобиғаҳои илму адаб осори гаронбаҳо офаридаанд. Осори безаволи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Фаридуддини Аттор, Саноӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои наслҳои имрӯзу фардо чун сарчашмаи маърифату ахлоқ хизмат мекунанд. Хушбахтона, осори ин абармардон имрӯз низ барои ҳар як соҳибзабон фаҳмо ва дастрас мебошад.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих роҳи пурпечутобро тай намуда, аз имтиҳонҳои сахту сангини замон гузаштааст. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, он асолати худро нигоҳ дошта, имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллӣ хизмат менамояд.

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Қонуни забон қабул гардид. Аммо бо гузашти вақт зарурати таҳияи қонуни нав ба миён омад, зеро талаботи ҷомеаи соҳибистиқлол рушди бештари забони давлатиро тақозо мекард.

Бо ҳамин мақсад, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид карда шуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони давлатиро муайян намуда, барои рушду таҳкими он заминаи мусоид фароҳам овард.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва рушди забони давлатӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Аз ҷумла, масъалаи танзими номҳои миллӣ, ҳифзи номҳои таърихии маҳалҳо ва эҳёи номҳои асили тоҷикӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар харитаи сиёсии кишвар дубора эҳё гардидани номҳои куҳани Суғд, Хатлон, Бохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳун ва Ҷайҳун далели равшани эҳтиром ба таърих ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза миллате соҳибиқбол аст, ки истиқлоли комил дошта, сарнавишти худро мустақилона муайян мекунад. Хушбахтона, баъди ҳазор сол тоҷикон дубора соҳиби давлати мустақил гардиданд ва маҳз Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва рушди забони тоҷикӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Забони тоҷикӣ имрӯз на танҳо воситаи муошират, балки яке аз муқаддасоти миллӣ ва пояи муҳими давлатдорӣ мебошад. Он ваҳдату сарҷамъии миллатро таҳким бахшида, ҳамчун омили асосии худшиносии миллӣ хизмат мекунад.

Мо соҳибзабонон вазифадорем, ки асолат, покизагӣ ва шириниву шевоии забони модариро ҳифз намоем. Забони тоҷикиро бояд ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ гиромӣ дошта, барои рушду тақвияти минбаъдаи он саҳмгузор бошем.

Хулоса, эҳтиром ба забони модарӣ қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии ҳар яки мост. Мо бояд ин забони ширину шоиронаро мисли модари худ дӯст дорем, гиромӣ дорем ва ба наслҳои оянда поку бегазанд мерос гузорем.

 

Шукрона ЛОИҚОВА,

омӯзгори ДДМИТ