ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, давлат баҳри пешгирӣ ва решакан намудани ин падидаи номатлуб тадбирҳои пайгирона меандешад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими стратегӣ қабул шудаанд.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардиданд.
Манбаи асосии санадҳои мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 ба ҳисоб мерафт. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 қонуни пешина аз эътибор соқит дониста шуд. Қонуни нав асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа аз таҳдидҳои коррупсионӣ нигаронида шудааст. Қонун аз 7 боб ва 36 модда иборат мебошад.
Бо мақсади таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ дар ҷумҳурӣ инчунин як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳо дар ин самт нақши муҳим доранд.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», коррупсия кирдорест, ки аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор бо истифода аз мақоми хизматӣ барои ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ё ғайримоддӣ содир карда мешавад. Ҳамчунин додани чунин манфиатҳо бо мақсади моил кардан ё ҳавасманд намудани шахсони мансабдор низ ҳамчун коррупсия арзёбӣ мегардад.
Моддаи 7, қонуни мазкур субъектҳои муқовимат ба коррупсияро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд:
- Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда;
- Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд.
Тибқи моддаи 8-и қонун ба субъектҳои бевосита муқовиматкунанда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор дохил мешаванд.
Ҳамзамон, қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷавобгарии мушаххасро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319 ва 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ришвадиҳӣ, ришваситонӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, он кори умумимиллӣ ва дастаҷамъона мебошад. Дар ин раванд ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва иштироки фаъоли ҳар як фарди ҷомеа аҳамияти калон дорад. Танҳо дар сурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги волои давлатдорӣ ва ахлоқи ҳамида шинохта шудаанд. Аҷдодони мо ҳамеша барои бунёди ҷомеаи одилона ва солим талош намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Аз ин рӯ, амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бойниёз НИЁЗОВ -
раиси Иттифоқи касабаи
кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng