ОЛИМИ БАРҶАСТА ВА ХОДИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКИСТОН
Исмоилов Шавкат Маҳмудович яке аз чеҳраҳои маъруфи илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва илми ҳуқуқи соҳибкорӣ, аграрӣ ва замин нақши арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамчун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими давлатӣ дар рушду такомули низоми адлия ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми назаррас дорад.
Шавкат Маҳмудович 12 майи соли 1951 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, соли 1974 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бомуваффақият хатм намуд. Маҳз дар ҳамин давра шавқу рағбати ӯ ба таҳқиқоти илмии соҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфт.
Бо мақсади такмили дониш ва фаъолияти илмӣ солҳои 1974-1978 дар аспирантураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҳсил кард. Соли 1977 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.
Минбаъд фаъолияти густурдаи илмӣ ва пажӯҳишии ӯ идома ёфта, соли 1990 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Проблемаҳои назариявии танзими ҳуқуқии кооператсияи кишоварзӣ» дифоъ намуд ва соҳиби дараҷаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Баъдан ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд.
Фаъолияти меҳнатии Исмоилов Шавкат Маҳмудович аз соли 1978 оғоз гардида, ӯ дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Ӯ ба ҳайси ассистент, омӯзгор, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, декани факултет ва корманди илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон хизмат кардааст.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯ солҳои зиёд дар кафедраҳои ҳуқуқи гражданӣ, қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнат фаъолият бурда, инчунин вазифаҳои муовини декан, декани факултет ва мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратиро иҷро намудааст.
Айни замон ӯ ҳамчун профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ инҳоянд: ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи иқтисодӣ; ҳуқуқи аграрӣ; ҳуқуқи замин; қонунгузории энергетикӣ; танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ; масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулк ва шахсони ҳуқуқӣ.
Исмоилов Шавкат Маҳмудович на танҳо олим, балки ходими намоёни давлатӣ низ мебошад. Солҳои 1993-2001 вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Маҳз дар солҳои душвори ташаккули давлатдории миллӣ ӯ дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва адлияи кишвар саҳми муҳим гузошт. Дар ин давра, дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои хешро гузоштааст ва ӯро ҳамчун яке аз поягузорони қабули Конститутсияи давлатдории навини тоҷикон мешиносанд.
Аз соли 2001 то 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буд. Ҳамчунин, дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ ширкат варзида, муовини раиси комиссияи доимӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардид.
Ӯ узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, соҳиби рутбаи давлатии мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Исмоилов Шавкат Маҳмудович аз ҷумлаи аввалин олимони тоҷик ба ҳисоб меравад, ки масъалаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, энергетика, муносибатҳои замин ва кооператсияи кишоварзиро дар сатҳи илмӣ таҳқиқ намудааст.
Дар маркази пажӯҳишҳои илмии ӯ масъалаҳои зерин қарор доранд:
такмили қонунгузории соҳибкорӣ ва андоз;
танзими ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ;
масъалаҳои гардиши замин;
истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;
бақайдгирии давлатии молу мулк;
ҳуқуқи энергетикӣ;
рушди иқтисодиёт ва соҳибкории инноватсионӣ.
Ӯ дар таҳияи назарияи ҳуқуқии кооператсияи кишоварзӣ ва рушди қонунгузории аграрӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Исмоилов Шавкат Маҳмудович муаллифи зиёда аз 150 асару мақолаи илмӣ мебошад. Осори ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба нашр расидаанд.
Аз ҷумлаи муҳимтарин асарҳои илмии ӯ метавон инҳоро ном бурд:
«Правовые аспекты государственной регистрации юридических лиц в Республике Таджикистан»;
«Энергетическое законодательство Таджикистана и основные направления его совершенствования»;
«Правовые проблемы реформирования земельных отношений в Республике Таджикистан»;
«Рациональное использование водно-энергетических ресурсов региона: правовые аспекты»;
«Особенности правового регулирования деятельности дехканских хозяйств в Таджикистане»;
«Совершенствование предпринимательского права в Таджикистане»;
«Вопросы вещных прав на землю в Таджикистане»;
«Модернизация экономики: экономико-правовые проблемы инновационного предпринимательства в Таджикистане».
Осори илмии ӯ имрӯз ҳамчун манбаи муҳим барои муҳаққиқон, донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳуқуқшиносон истифода мегарданд.
Имрӯз шогирдони зиёди устод соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни самтҳои ҳуқуқ, маориф, илм ва сиёсат кору фаъолият намуда истодаанд.
Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва давлатдорӣ Исмоилов Шавкат Маҳмудович бо унвон ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст. Ӯ дорои унвонҳои: Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; академики Академияи педагогӣ ва илмҳои иҷтимоии Россия мебошад.
Исмоилов Шавкат Маҳмудович аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқшиносони варзидаи тоҷик мебошад, ки фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва давлатии ӯ дар рушди ҳуқуқшиносии миллӣ нақши муҳим бозидааст. Осори илмии ӯ дар ташаккули ҳуқуқи соҳибкорӣ, аграрӣ, замин ва энергетикӣ саҳми арзанда дошта, мактаби илмии ӯ барои наслҳои ҷавони ҳуқуқшиносон намунаи ибрат мебошад.
Номи ӯ дар таърихи илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ҳамчун донишманди варзида, ислоҳотгар ва ходими давлатии ватандӯст боқӣ хоҳад монд.
Саидали ҲАИТОВ,
сардори бахши таъминоти ҳуқуқии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng