Дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таърихи миллатҳо лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки сарнавишти як давлат на танҳо аз ҷараёнҳои умумии таърих, балки аз ирода, ҷасорат ва диди шахсиятҳои калидӣ вобаста мегардад. Тоҷикистон, ҳамчун вориси тамаддуни бузурги Хуросон ва Мовароуннаҳр, дар остонаи истиқлолият ва солҳои аввали он маҳз чунин марҳилаи сарнавиштсозро аз сар гузаронд. Ва дар ҳамин марҳила, нақши роҳбарияти сиёсӣ, пеш аз ҳама шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба меҳвари калидии эҳё ва такомули давлатдории миллӣ табдил ёфт. Дар давраи истиқлолият эҳёи мероси ниёгон ба сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Таҳти роҳбарии Пешвои миллати таърихсозу ваҳдатофари тоҷикон масъалаи ҳифзи забони тоҷикӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ба яке аз самтҳои калидии давлатдорӣ мубаддал гардид. Ин сиёсат на танҳо барои ҳифзи ҳувият, балки барои муттаҳид сохтани ҷомеа дар шароити пасазҷангӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт.

Соли 1991 истиқлолият ба Тоҷикистон шонси таърихӣ дод, аммо ҳамзамон кишварро ба гирдоби буҳронҳои амиқ ворид сохт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992–1997 идома ёфт, пояҳои давлатдориро ба ларза овард, балки батамом фалаҷу корношоям сохт.

Дар лаҳзае, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва пояҳои давлатдорӣ дар ҳоли фурӯпошӣ буданд, зуҳури роҳбаре бо иродаи сиёсӣ, масъулияти таърихӣ ва диди стратегӣ зарур буд. Маҳз дар чунин шароит, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуда, рисолати вазнин - наҷоти давлат ва муттаҳидсозии миллатро бар дӯш гирифт.

Нахустин қадамҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба барқарории сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва оғози муколамаи миллӣ равона гардиданд. Музокироти сулҳ, ки дар шароити мураккаби дохиливу байналмилалӣ сурат гирифтанд, бо иродаи қавии сиёсӣ ва таҳаммули стратегӣ ба натиҷаи таърихӣ - имзои Созишномаи сулҳ анҷомиданд.

Дар чунин шароити мураккаб, баромадан аз буҳрон бидуни роҳбарии қатъӣ ва стратегӣ ғайриимкон буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин марҳила ба арсаи сиёсӣ ворид гардиданд, бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ ва бо такя ба иродаи миллӣ, раванди сулҳро оғоз намуданд.

Музокироти сулҳ, ки бо иштироки нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ сурат гирифт, билохира ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расид. Ин санад на танҳо поёни ҷанг, балки оғози давраи нави давлатсозӣ гардид.

Аммо нақши Пешвои миллат танҳо бо барқарории сулҳ маҳдуд намешавад. Давраи баъдӣ ин давраи бунёди давлатсозии миллӣ низ бо роҳбарии мустақими Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Ташаккули институтҳои давлатӣ, таҳкими ҳокимияти марказӣ, рушди сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамаи ин самтҳо таҳти роҳнамоии стратегии  Сарвари давлат амалӣ гардиданд.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳ на танҳо натиҷаи музокирот, балки як стратегияи дарозмуддати давлатдорист. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сулҳро ба як арзиши сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил доданд, ки дар тамоми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инъикос ёфтааст. Дар баробари ин, сиёсати ваҳдати миллӣ, ки ба ҳамгироии нерӯҳои сиёсӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ равона шудааст, тавонист ҷомеаро аз парокандагӣ ба сӯи якпорчагӣ барад.

Пас аз барқарории сулҳ, марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардид. Ташаккули институтҳои давлатӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ аз ҷумлаи қадамҳои муҳим буданд, ки дар ин раванд нақши Президенти Тоҷикистон ба ҳайси як меъмори давлатдории муосири тоҷикон барҷаста мебошад. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист сохтори идоракунии худро мукаммал намуда, заминаи устувори сиёсиро фароҳам оварад.

Ба ҳолдонҳо ва коршиносон пӯшида нест, ки иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали истиқлолият ба шиддат осеб дида буд, бо татбиқи ислоҳоти марҳилавӣ ва сиёсати иқтисодии ҳадафмандона ба роҳи рушд ворид гардид.

Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, ба самтҳои афзалиятнок равона гардонида шуданд. Лоиҳаҳои бузурги миллӣ, ба мисли нерӯгоҳи Роғун, нишонаи равшани стратегияи дарозмуддати рушди иқтисодӣ мебошанд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз як кишвари пасазҷангии ҳамасамта фалаҷ, ба як шарики фаъол ва ташаббускор табдил ёфт. Президенти Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозинро роҳандозӣ намуда, кишварро ба иштирокчии фаъол дар масъалаҳои глобалӣ табдил доданд. Зимнан, танҳо ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, шоҳиди воқеияти бикранд, ки кишвари мо имрӯз дар ташаккули масоили глобалии сайёра саҳми бориз ва муассир дорад.

Яке аз вижагиҳои махсуси сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон риоя ва нигоҳдории тавозун байни анъанаҳои миллӣ ва мутобиқсозӣ ба ҷаҳони муосир: яъне аз як ҷониб эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанг, арҷгузорӣ ба бузургони гузаштаамон ва аз ҷониби дигар, воридсозии технология, рушди иқтисоди бозорӣ ва ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Имрӯз, дар остонаи 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун як давлати устувор, рӯ ба рушд ва дорои ҳувияти мустаҳками миллӣ, натиҷаи як раванди мураккаб, вале пайгиронаи давлатсозӣ ва худшиносиро таҷассум мекунад. Ин раванд на танҳо аз имтиҳонҳои таърихӣ гузаштааст, балки бо як консепсияи равшани сиёсӣ - бунёди давлати муосир бо такя ба арзишҳои миллӣ шакл гирифтааст.

Таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки бо роҳбарии устувор, азми қатъӣ ва сиёсати хирадмандона дилхоҳ кишвар метавонад мушкилоти умдаро аз тариқи сабри стратегӣ ҳаллу фасл намуда, устуворона рушд кунад ва дар ҳалли масоили глобалии сайёра ташаббускор бошад.

35 соли истиқлолият - ин роҳи пур аз мубориза, созандагӣ ва пирӯзиҳост. Тоҷикистон имрӯз ба як давлати рӯ ба созандагиву бунёдкориҳои бисёрсамта табдил ёфтааст, ки дар он сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллӣ ва рушди устувор ҳамчун арзишҳои бебозгашт пазируфта шудаанд.

Дар маркази ин дастовардҳо, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ, бунёдгузори давлатдории муосири миллӣ ва раҳнамои роҳи рушд, ҷойгоҳи меҳварӣ дорад.

Инак дар остонаи 35-солагии истиқлолият дар таҳлили таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон

Ба ҳамин минвол, таҳлили таҷрибаи 35 соли давлатсозии навини тоҷикон як ҳақиқати бебаҳс равшану баръало дида мешавад: дар шароити буҳронӣ нақши шахсият метавонад ҳалкунанда бошад. Алъон раванди барқарорсозии давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва гузариш аз буҳрон ба субот бевосита бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, ки он ҳамчун рамзи субот, ваҳдат ва идомаи давлатдории миллӣ дар зеҳни ҷомеа ҷойгоҳи устувор касб кардааст.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ -

 сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ