Савдои одамон ҳамчун яке аз шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар ҷаҳони муосир эътироф гардида, ба амнияти ҷомеа, иқтисодиёт ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Ин амал хусусияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дошта, ба қатори мушкилоти глобалӣ дохил мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид савдои одамонро ҳамчун поймолкунии ҳуқуқи асосии инсон арзёбӣ менамоянд.

Савдои одамон маҷмуи амалҳои ҷалб, интиқол, пинҳон намудан ё истифодаи инсон бо роҳи маҷбуркунӣ, фиреб, таҳдид ё суиистифода аз вазъияти осебпазир мебошад, ки мақсади асосии он истисмор аст.

Шаклҳои асосии истисмор меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ, истифодаи кӯдакон дар фаъолияти ғайриқонунӣ, гадоӣ ва ҳатто савдои узвҳои инсонро дар бар мегиранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ сабаби асосии густариши савдои одамон мебошанд. Камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ шаҳрвандонро ба гурӯҳи осебпазир дохил менамоянд. Махсусан, ҷавонон ва занон бештар ба доми гурӯҳҳои ҷинояткор меафтанд, зеро онҳо дар ҷустуҷӯи шароити беҳтари зиндагӣ қарор доранд.

Гурӯҳҳои ҷинояткор аз рушди технологияҳои иттилоотӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ истифода бурда, фаъолияти худро пинҳонӣ амалӣ менамоянд. Аз ин рӯ, муқовимат ба ин кирдор бояд ҳам хусусияти миллӣ ва ҳам байналмилалӣ дошта бошад.

Яке аз самтҳои муҳими муқовимат пешгирии иҷтимоӣ мебошад. Олимон таъкид мекунанд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат, беҳтар намудани шароити иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ метавонанд хатари савдои одамонро коҳиш диҳанд. Дар баробари ин, омӯзиши ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар аҳамияти калон дорад. Самти дигари муҳим такмили заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузории миллӣ бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд шабакаҳои ҷиноятиро ошкор намуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳамзамон, ҳифзи қурбониён, расонидани ёрии равонӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо қисми муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо савдои одамон нақши асосӣ дорад. Давлатҳо тавассути мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва татбиқи барномаҳои муштарак метавонанд сатҳи ин ҷиноятро коҳиш диҳанд. Зеро савдои одамон амали мураккаби иҷтимоӣ ва ҷиноятӣ буда, мубориза бо он муносибати илмӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро талаб менамояд.

Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҷомеа, таҳкими қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз намуда, ба коҳиши ин ҷинояти хатарнок мусоидат кард.

 

Қаландар ФАЙЗАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ