УСТУВОРИ ҶОМЕА ДАР ҲАСТИ ЗАНОН АСТ
Рӯзи модар яке аз ҷашнҳои муҳими байналмилалӣ ба шумор меравад, ки рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба нақши зан дар ҷомеа мебошад. Ин рӯз фурсати муносибест барои баён намудани муҳаббат, миннатдорӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба модарон, хоҳарон, ҳамсарон ва ҳамаи бонувоне, ки бо заҳмати худ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Зан пояи оила ва тарбиятгари насли солим аст. Маҳз бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва хирадмандии зан ҷомеа устувор мемонад. Модар аввалин омӯзгор ва раҳнамои инсон буда, нақши ӯ дар ташаккули шахсияти фарзанд беназир аст. Дар баробари ин, занони имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ маориф, илм, тандурустӣ, иқтисод, фарҳанг ва сиёсат фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои худ ифтихори миллат мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Занон имрӯз на танҳо дар оила, балки дар идоракунии давлат ва рушди иқтисоди миллӣ низ нақши муҳим доранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки эҳтироми зан эҳтироми миллат мебошад. Бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат имрӯз занони тоҷик дар илму маориф, иқтисод, тандурустӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ бо сарбаландӣ фаъолият намуда, ифтихори кишвар ҳастанд.
Ба муносибати Рӯзи модар ҳамаи бонувони арҷмандро самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, бахти нек, хонаободӣ, муваффақият дар кору зиндагӣ ва осмони соф орзумандам. Бигзор, чеҳраҳои шумо ҳамеша бо табассум, қалбҳоятон бо умед ва рӯзгоратон бо саодат пур бошад.
Сабоҳат САФАРЗОДА,
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010728 факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng