МОДАР - ЧАРОҒИ ХОНАДОН ВА МЕҲВАРИ ЗИНДАГӢ
Модар муқаддастарин ва азизтарин шахс барои ҳар инсон аст. Ӯ сарчашмаи муҳаббат, меҳрубонӣ ва фидокорист. Аз лаҳзаи ба дунё омадани кӯдак то ба камол расидани ӯ, модар ҳамеша дар паҳлӯяш меистад, роҳнамоӣ мекунад ва бо дуои некаш пуштибон мешавад. Дар ҳақиқат, агар ҷаҳонро ба як боғ монанд кунем, модар мисли офтобест, ки бо нури худ тамоми ҳастиро гармӣ мебахшад.
Аз қадимулайём мақому манзалати модар баланд буд. Дар фарҳанги мо эҳтироми модар ҷойгоҳи хоса дорад. Бузургон гуфтаанд: «Биҳишт зери қадамҳои модарон аст». Ин сухан маънои амиқ дорад, зеро тамоми ранҷу заҳмати модар барои хушбахтии фарзандонаш равона шудааст. Ӯ шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзандаш ором бихобад, аз худ мегузарад, то фарзандаш камбудӣ эҳсос накунад. Меҳри модар беандоза ва беинтиҳост, он на бо вақт кам мешавад ва на бо масофа.
Модар нахустин омӯзгори фарзанд аст. Кӯдак аввалин калимаҳоро аз забони модар мешунавад, аввалин қадамҳоро бо дастгирии ӯ мегузорад. Одобу ахлоқ, эҳтиром ба бузургон, дӯст доштани Ватан ҳама аз тарбияи модар оғоз меёбад. Агар фарзанд инсони нек, донишманд ва бофарҳанг ба воя расад, пеш аз ҳама ин самараи заҳмати модар аст. Зеро маҳз ӯ дар қалби фарзанд тухми меҳру инсоф ва масъулиятро мекорад.
Модар танҳо парваришгар нест, балки такягоҳ ва маслиҳатчии беҳтарин низ ҳаст. Дар лаҳзаҳои душвор инсон, пеш аз ҳама, ба назди модар меравад, зеро медонад, ки ӯ беғаразона гӯш мекунад ва роҳи дурустро нишон медиҳад. Ҳатто вақте ки фарзанд ба синни балоғат мерасад, барои модар ҳамоно кӯдак мемонад. Дили модар ҳамеша пур аз нигаронӣ ва дуо аст.
Заҳмати модарро бо ҳеҷ чиз баробар кардан мумкин нест. На тилло, на сарват ва на мансаб қимати меҳри модарро иваз карда метавонанд. Барои ҳамин, ҳар яки мо вазифадорем, ки нисбат ба модари худ меҳрубон ва ғамхор бошем, сухани ӯро гиромӣ дорем ва кӯшиш намоем, ки бо рафтору кирдори худ ӯро хушнуд созем. Эҳтироми модар на танҳо қарзи фарзандӣ, балки нишонаи инсоният аст.
Хулоса, модар гавҳари ноёб ва чароғи равшани зиндагии ҳар инсон мебошад. Бе модар ҳаёт ранги дигар мегирад ва гармии худро гум мекунад. Аз ин рӯ, то вақте ки модарон дар паҳлӯи мо ҳастанд, бояд қадрашонро донем, меҳрашонро пос дорем ва бо суханону амалҳои нек шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Зеро модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи муҳаббат ва сутуни устувори ҳар хонадон аст.
Гулрухсор ҲАБИБОВА,
асситенти кафедраи андозбанди ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng