Ваҳдати миллӣ - омили муҳими ягонагӣ ва пешрафти ҷомеа
Ҳар сол 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ки ин санаи тақдирсоз барои мардуми тоҷик аҳамияти бузург дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Мањз бо роҳбарии сарвари давлат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави рушди Љумњурии Тољикистон замина фароҳам овард. Ин иқдоми таърихӣ ба таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати ҷомеа ва пешрафти давлат мусоидат намуд.
Ќайд кардан бамаврид аст, ки Ваҳдати миллӣ бо номи хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, чунки маҳз бо талошҳои пайваста ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба роҳ монда шуд. Пешвои муаззами миллат барои ба ҳам овардани нерўҳои мухталифи ҷомеа, баргузории музокироти сулҳ ва расидан ба созиш миёни ҷонибҳо нақши муҳим бозиданд.
Ќайд кардан ҷоиз аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Љумњурии Тоҷикистон ба шумор меравад, чунки ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Таҷлили ин сана ба мо хотиррасон мекунад, ки ваҳдат ва ягонагӣ асоси пешрафт ва ободии ҳар давлат аст.
Ба шарофати ваҳдати миллӣ Љумњурии Тоҷикистон тавонист давраи душвори таърихи худро паси сар намуда, роҳи рушди устуворро интихоб кунад. Имрӯз мардуми кишвар дар фазои орому осуда зиндагӣ карда, барои пешрафти Ватани азиз саҳм мегузоранд.
Ваҳдати миллӣ барои мо тољикон на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки арзиши муқаддаси миллӣ мебошад, ки рушди давлат ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин намудааст,чунки њамаи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Љумњурии Тоҷикистон маҳз дар натиҷаи сулҳу субот ба даст омадаанд.
Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи кишварамон назар афканем, равшан эҳсос мекунем, ки сулҳу ваҳдат бузургтарин неъмат барои ҳар миллат аст. Маҳз дар фазои оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ Љумњурии Тоҷикистон тавонист ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва инфрасохтор ноил гардад. Аз љумла, сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, иншооти энергетикиву саноатӣ ва дигар иншооти муҳим натиҷаи суботу ваҳдати ҷомеа мебошад.
Мањз барои мо ҷавонон Рӯзи Ваҳдати миллӣ мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносӣ мебошад, бинобар ин, насли ҷавон бояд аз таърихи кишвар сабақ гирифта, арзиши сулҳ ва ризоияти миллиро амиқ дарк намояд. Ҳифзи ваҳдат вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Љумњурии Тоҷикистон мебошад ва танҳо бо эҳтиром ба ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ метавонем ҷомеаи пешрафта ва ояндаи дурахшонро бунёд кунем.
Бояд тазаккур дод,ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки бисёр кишварҳо бо мушкилоти низоъ ва нооромӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, таҷрибаи сулҳофаринии Љумњурии Тоҷикистон намунаи арзанда ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ ба мо меомӯзад, ки гуфтугӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ аз ҳар гуна ихтилоф болотаранд.
Аз ин рӯ, дар таърихи навини тољикон саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ хеле арзишманд буда, аз ҷониби мардум бо эҳтиром ва қадршиносӣ ёд мешавад. Аз ин рӯ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди худшиносу дилогоҳи Тоҷикистон рӯзи ифтихор, шукргузорӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот аст.
Бигзор, Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад ва Љумњурии Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва пешрафт рушду нумӯъ намояд.
Рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборак бошад,
ҳамдиёрон ва ҳамкасбони азиз!
Моҳрӯ ОРМОНОВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng