Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ба пешрафти давлат ва некуаҳволии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коста намуда, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро суст мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мубориза бар зидди коррупсияро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ қарор додааст.

Коррупсия аз калимаи лотинии “corruptio” гирифта шуда, маънои фасод, вайронкунӣ ва суиистифода аз мансабро дорад. Коррупсия истифодаи ғайриқонунии мақоми хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Шаклҳои асосии коррупсия ришвахорӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, тақаллуб, хешутаборбозӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мебошанд.

Пайдоиши коррупсия ба омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, заифии назорат ва шаффофият дар фаъолияти баъзе идораҳо, сатҳи нокифояи масъулиятшиносӣ, манфиатҷӯӣ ва беинсофӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ.

Ҳангоми риоя нагардидани қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ, замина барои пайдоиши амалҳои коррупсионӣ фароҳам мегардад.

Коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Коррупсия боиси кам шудани сармоягузорӣ, паст гардидани рушди истеҳсолот ва зиёд шудани иқтисодиёти пинҳонӣ мегардад. Дар натиҷа, буҷети давлат зарар мебинад ва сатҳи зиндагии мардум паст мешавад.

Вақте шаҳрвандон шоҳиди амалҳои коррупсионӣ мешаванд, эътимоди онҳо ба мақомоти давлатӣ ва қонун коҳиш меёбад. Ин ҳолат метавонад ба нооромии иҷтимоӣ оварда расонад.

Дар ҳолати вуҷуд доштани коррупсия сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ паст мегардад. Дар соҳаи маориф донишандӯзӣ ва адолат халалдор шуда, дар соҳаи тандурустӣ ҳуқуқи шаҳрвандон поймол мегардад.

Коррупсия нуфуз ва обрӯи байналмилалии давлатро паст намуда, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ монеа эҷод мекунад.

Ҳар як шаҳрванд бояд дар мубориза бар зидди коррупсия бетараф набошад ва барои ҳифзи адолат саҳм гузорад.

Коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад. Барои бунёди ҷомеаи солим, адолатпарвар ва ҳуқуқбунёд муборизаи дастҷамъона бар зидди коррупсия зарур аст. Танҳо дар сурати баланд будани масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дода, рушди устувори давлатро таъмин намуд.

 

Манзура ТОЛИБОВА,

ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ