Тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Паёми солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ ва стратегӣ ба шумор меравад. Дар ин ҳуҷҷат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян гардида, вазифаҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мушаххас карда мешаванд.  

Паёми Президенти Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳимро иҷро мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Бояд қайд кард, ки дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди иқтисодӣ ҳамеша ҷойгоҳи марказӣ дорад. Таваҷҷуҳи махсус ба саноатикунонии босуръат, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона карда мешавад.

Татбиқи нишондиҳандаҳои дар Паём пешниҳодшуда ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.  

Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паём иброз доштанд: “...тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.

Бешубҳа маълум аст, ки маълумотҳои зикргардида танҳо нишондиҳандаҳои оморӣ набуда, балки бозгӯи роҳи рушди иқтисоди кишвар дар ин давра маҳсуб меёбанд.

Боиси ифихор аст, ки дар натиҷаи роҳи рушди то имрӯз тайкардаи Тоҷикистони азиз сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 19 фоиз коҳиш ёфтааст. Яъне, Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати рӯимизии тамоми олимону коршиносон мавриди истифода қарор гирифта, самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои дар Паём зикршуда барои пешрафти минбаъдаи кишвар аҳамияти муҳим доранд.

 

Раҳимзода Ф.М.,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти

молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ