МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТҶАМОНА ВА ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ робитаи ҳамаҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон густуда, «сиёсати дарҳои боз»-ро интихоб намуд. Аз ин ба баъд чун як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ барои муаррифии давлат ба оламиён ташаббусҳову ибтикороти башардӯстона ва хайрхоҳонаро амалӣ намуд.
Дар ин асно, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.
Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ мебошад. Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ дорад.
Моҳияти коррупсия ва хатарҳою оқибатҳои он чунин шарҳ дода шудааст, ки “Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ” мебошад. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7.08.2020 с., №1714).
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 зикр намудаанд, ки “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.
Ба андешаи коршиноси соҳа С.Ҳ. Салимзода “...имрӯз масъалаи муқовимат бо коррупсия яке аз мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи кунунӣ мебошад, зеро дар низоми идоракунии давлатӣ доираи амалҳои коррупсионӣ ба миқёси таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ расидааст. Аз ин лиҳоз, зарурати таҳлилу тадқиқи сабабу хусусиятҳои пайдоиши коррупсия ба яке аз масоили умда, мубрам ва доғи рӯз табдил ёфтааст”.
Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта муҳаққиқ Ш.Х. Солиев қайд менамояд, “Мушкилоти коррупсия дар Тоҷикистони муосир ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз табдил ёфтааст. Ин мушкилот яке аз нигарониҳои асосии шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад ва то як андоза рӯҳияи нобоварӣ ва ноумедиро миёни онҳо тақвият бахшидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи ин масъала ва дарёфти механизмҳои муассири ҳали он дар шароити муосир яке аз мавзуъҳои асосии баҳси илмҳои иҷтимоӣ ва, хусусан, коршиносони масъалаҳои сиёсӣ ва сиёсатшиносон шудааст”.
Бинобар сабаби рушди тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва вусъати тоза пайдо намудани мавзую масъалаҳои геополитикӣ кишварҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки дар ин ҳама бархӯрдҳову чолишҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ самти фаъолияти сиёсати давлатии хешро пурзӯр намоянд. Ин ҳама талошҳо бар ду самти асосӣ нигаронида шудааст: аввал ин ки бояд фарҳангу маънавиёт ва арзишҳои миллиро ҳифз намуд ва сипас барои муаррифии бештари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ намуд, то дар ин ҷараён истодагарӣ карда тавонӣ.
Лозим ба ёдоварист, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд, ки татбиқи он идома дорад. Дар асоси ин стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд.
Имрӯзҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин, ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Дар шароити имрӯза ҷалби васеи аҳолӣ ва, хусусан, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо коррупсия муҳим дониста мешавад. Дар шароити имрӯзаи кишвар, ки коррупсия ба як мушкилии ҳалталаб табдил шудааст, бетараф будан нисбати ҳалли он метавонад ба пояҳои давлатдории миллӣ ва дар умум, ахлоқи ҷомеа таъсири зиёди манфӣ ба бор оварад.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки дар ин самт фаъол бошад ва нақши худро дар поксозии ҷомеа аз коррупия бигузорад. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Хуллас, муқовимат бо коррупсия амали дастҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҳар як амали муқовимат метавонад заминаи коррупсияро дар ҷомеа аз миён барад ва сатҳи онро тадриҷан паст гардонад. Таваҷҷуҳи зарурӣ намудан ба пешгирии коррупсия тақозо мегардад, то заминаҳои зуҳури ин амал дар ҷомеа рафъ гарданд.
Пайрав БОБОМУРОДОВ,
Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,
устодони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng