КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ДОҒИ РӮЗ
Ҳанӯз чандин аср пеш мутафаккири маъруфи фаронсавӣ Шарл Луи Монтескё таъкид намуда буд: «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ гардида, ба як сохтори бесамар табдил меёбад». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти худро гум накарда, нишон медиҳад, ки коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи башарӣ мебошад ва барои решакан намудани он бояд тамоми неру ва имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
Ба андешаи муҳаққиқон, аввалин маълумот оид ба амалҳои коррупсионӣ дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то мелод) ва баъдтар дар қонунҳои машҳури Ҳаммурапӣ зикр гардидааст. Дар замонҳои қадим мафҳуми «коррупсия» ба маънои фасод, вайронкорӣ, зараррасонӣ ва фурӯхтани мансаб истифода мешуд. Он ҳамчун истифодаи имкониятҳои мансабӣ ба манфиати шахсӣ фаҳмида шуда, шахсони дастзада ба чунин амалҳо дар ҳама давру замон аз ҷониби ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилии давлатҳо берун рафта, ба амали байналмилалӣ табдил ёфтааст. Таърих гувоҳ аст, ки ин зуҳуроти номатлуб решаҳои амиқ дошта, ҳамқадами ташаккули давлатдорӣ ба вуҷуд омадааст. Имрӯз коррупсия дар қатори дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ мубаддал гардида, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми коррупсия чунин шарҳ дода шудааст: коррупсия ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда мебошад, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ва имкониятҳои вобаста ба он барои худ ё дигарон ғайриқонунӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳо ба даст меоранд. Ҳамчунин, пешниҳод, ваъда ё додани чунин неъматҳо ба ин шахсон бо мақсади моил намудани онҳо ба содир намудани чунин амалҳо низ ҳамчун коррупсия арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок буда, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим дошта, давлатҳои ҷаҳонро барои мубориза бо коррупсия муттаҳид намудааст. Соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардид ва бо қарори Маҷмаи умумии СММ 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои муқовимат ба коррупсия заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 ба таҳкими фазои зиддикоррупсионӣ ва такмили механизмҳои мубориза бо ин амал мусоидат намуданд.
Муқовимат ба коррупсия вазифаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ нест. Самаранокии мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб аз иштироки фаъолонаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагӣ дорад.
Сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва маърифатиро дар бар гирифта, ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона шудааст. Татбиқи самараноки ин сиёсат танҳо дар сурати ҳамкории густурдаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир мебошад.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди коррупсия бетараф набошем ва барои ташаккули ҷомеаи шаффоф, адолатпарвар ва қонунмеҳвар саҳми худро гузорем. Зеро ҷомеаи бидуни коррупсия ҷомеаи боадолат, боэътимод ва рӯ ба рушд мебошад.
С. ТИЛАКМУРОДОВА,
Н. ЁРЗОДА,
устодони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng