(Ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар таърихи миллатҳо воқеаҳое ҳастанд, ки арзиши онҳо бо гузашти солҳо на танҳо коста намегардад, балки аҳамияти онҳо ҳарчи бештар ошкор мешавад. Барои миллати тоҷик сулҳу ваҳдати миллӣ маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад. Агар Истиқлоли давлатӣ оғози марҳалаи нави давлатсозии тоҷикон бошад, пас Ваҳдати миллӣ кафили бақо, рушди устувор ва таҳкими ҳамин давлатдорӣ гардид. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, бозгашт ба таҷрибаи сулҳу оштии миллӣ ва таҳлили аҳамияти он барои имрӯзу фардои кишвар аҳаммияти махсус касб мекунад. Зеро дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.

Ваҳдати миллӣ - интихоби таърихии миллат

Рухдоди солҳои аввали истиқлолият яке аз саҳифаҳои пурфоҷиаи таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, муборизаҳои гурӯҳӣ ва мухолифатҳои дохилӣ ҷомеаро ба буҳрони амиқ гирифтор намуданд.

Дар солҳои аввали истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба амнияти миллӣ, якпорчагии давлат ва ояндаи миллати тоҷик хатари ҷиддӣ эҷод намуда буд. Дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид сохта, ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшад ва заминаи сулҳу суботро фароҳам оварад.

Дар чунин шароити ҳассос масъалаи асосӣ на мубориза барои қудрат, балки ҳифзи давлат, наҷоти миллат ва таъмини ояндаи Тоҷикистон буд. Аз ҳамин нуқтаи назар, сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун интихоби таърихии миллат зуҳур намуд.

Таърихи музокироти сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки расидан ба сулҳ натиҷаи як амали тасодуфӣ набуд. Ин раванди бисёр мураккаб, пурмашаққат ва тӯлонӣ буд, ки иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва масъулияти баланди миллӣ тақозо мекард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳашт даври музокирот ва 24 вохӯрӣ аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 амалӣ гардид. Ин санади таърихӣ на танҳо ҷангро хотима бахшид, балки ба ҷомеаи тоҷикон умеди нав бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлатро муайян намуд. Ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ризоият ва ваҳдати миллӣ расидани халқи мо шаҳодати пирӯзии ақли солим буд. Махсусан, дар рӯзҳои вазнин ба эътидол оварданӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳи деринтизори тоҷикон оқибат 27 июни соли 1997 фаро расид. Дар оғози расидан ба сулҳу салоҳ хидмати халқи тоҷик ва мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон хеле бузург аст. Онҳо дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсоз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакатро пуштибонию дастгирӣ намуда, меҳнати ҳалолу зиндагии осоиштаро аз ҳама гуна ҷангу саргардониҳо ва адолату душманӣ афзалтар донистанд.

Дар илми муосири ҷомеашиносӣ мафҳуми «сармояи иҷтимоӣ» яке аз категорияҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Зери ин мафҳум маҷмуи муносибатҳои эътимод, ҳамкорӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон фаҳмида мешавад, ки имконияти рушди устувори ҷомеаро таъмин менамояд.

Аз ин нуқтаи назар, Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин сармояҳои иҷтимоии Тоҷикистон мебошад.

Сармояи моддӣ метавонад аз байн равад, захираҳои табиӣ метавонанд кам шаванд, аммо ҷомеае, ки дорои эътимоди мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ аст, ҳамеша қодир мебошад мушкилотро паси сар намояд.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре басамар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибатҳои байналмиллалӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки маҳз ваҳдати миллӣ тавонист ҷомеаро аз парокандагӣ наҷот диҳад, боварии мардумро ба давлат эҳё намояд ва заминаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам оварад.

Имрӯз ҳар як сохтмони азим, ҳар як неругоҳи барқӣ, ҳар як роҳи байналмилалӣ ва ҳар як дастоварди иқтисодӣ пеш аз ҳама маҳсули ҳамин сармояи иҷтимоӣ – яъне ваҳдати миллӣ мебошад.

Сулҳу ваҳдат - заминаи эҳёи давлатдории миллӣ

Таърихи давлатҳо собит намудааст, ки бе суботи сиёсӣ рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Пас аз ба даст омадани сулҳ Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид.

Пеш аз ҳама сохторҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё шуданд. Низоми конститутсионӣ таҳким ёфт. Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такмил дода шуданд. Асосҳои идоракунии давлатӣ мустаҳкам гардиданд.

Дар натиҷа Тоҷикистон тавонист худро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Ин сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба кормандони илму фарҳанги ҷумҳурӣ низ неру ва илҳоми тоза бахшид. Соли 1999, яъне дар соли ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён, бо мақсади мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, барои пур кардани ҷойи холии шуури одамон, яъне ба ҷои идеологияи коммунистии аз байн рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эҳёи таффакури миллӣ, анъана ва фарҳанги халқи тоҷикро пеш гирифтанд. Маҳз баҳри амалӣ намудани ҳамин мақсад аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, қонунҳо омода шуда ва аз тарафи парлумон қабул карда шуданд. Аз ҷумла, илова ба Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки ҳанӯз 22 июли соли 1989 қабул гардида буд, 27 декабри соли 1993 Қонун «Дар бораи маориф», 12 октябри соли 1995 Низомнома дар бораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 13 декабри соли 1997 Қонун «Дар бораи фарҳанг», 8 июни соли 2007 Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 октябри соли 2009 – Қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» ва ғайраҳо далели равшан мебошанд.

Гирди як миз ҷамъ овардани гурӯҳҳои ба ном мухолифин, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо хазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи некӣ тоҷикон буд.

Маҳз дар ҳамин фазои сулҳу субот кишвар ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ оғоз намуд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ҳамчун самтҳои асосии рушди мамлакат муайян гардиданд.

Дастовардҳои имрӯзии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бевосита ба муҳити сулҳу ваҳдат вобаста мебошанд.

Яке аз самараҳои муҳими ваҳдати миллӣ эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ афзоиш ёфт. Осори гаронбаҳои ниёгон дубора мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ҷашнҳои бузурги миллӣ баргузор шуданд. Симоҳои барҷастаи таърихиву фарҳангии миллат эҳтиром ва қадршиносии сазовор пайдо намуданд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди фарҳанг, маориф ва илм, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.

Имрӯз худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати ҷомеа табдил ёфтааст.

Аҳамияти ҷаҳонии таҷрибаи сулҳи тоҷикон

Дар ҷаҳони муосир, ки бисёр минтақаҳо аз низоъҳои сиёсӣ ва низомӣ ранҷ мебаранд, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти хос пайдо кардааст.

Бисёр муҳаққиқон ва коршиносони байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ тавассути муколама ва созиш арзёбӣ менамоянд.

Дар бораи аҳаммияти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон» Президенти кишвари соҳибистиқлоламон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва бо арзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол, балки ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори муколама дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои тадқиқотии ҷаҳон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути музокирот ва созиш арзёбӣ мешавад.

Арзиши ин таҷриба махсусан дар шароити ҷаҳони муосир, ки минтақаҳои зиёде аз низоъҳо ва зиддиятҳои сиёсӣ ранҷ мебаранд, бештар эҳсос мегардад. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки манфиатҳои миллӣ метавонанд аз ҳама гуна ихтилофҳои сиёсӣ болотар қарор гиранд.

Ин таҷриба собит намуд, ки сулҳи пойдор танҳо дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, гуфтугӯ ва масъулияти миллӣ ба даст меояд.

Ваҳдати миллӣ ва рисолати насли ҷавон

Имрӯз беш аз ҳафтод фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо дар фазои сулҳу субот ба воя расидаанд ва воқеаҳои солҳои ҷангро танҳо аз китобҳо ва нақли калонсолон медонанд.

Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарини ҷомеа ба насли ҷавон расонидани ҳақиқати таърихӣ ва арзиши сулҳу ваҳдат мебошад.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳу оромии имрӯза натиҷаи заҳматҳои бузург ва ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯст мебошад. Ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши фазои иттилоотӣ ва таҳдидҳои нав ба амнияти миллӣ маҳз ҷавонони худогоҳу ватандӯст метавонанд ҳимоятгари арзишҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ бошанд.

Имрӯз Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назаррас қадам мегузорад.

Кишвар соҳиби низоми устувори сиёсӣ, иқтисоди рӯ ба рушд, инфрасохтори муосир ва обрӯи байналмилалии баланд гардидааст. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини амнияти байналмилалӣ нақши фаъол мебозад.

Ҳамаи ин дастовардҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.

Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки агар истиқлолият бузургтарин арзиши сиёсӣ бошад, ваҳдати миллӣ муҳимтарин кафили ҳифз ва таҳкими он мебошад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи таърихӣ ва ё рӯйдоди сиёсӣ, балки мактаби давлатдорӣ, фалсафаи зиндагӣ ва сармояи бузурги иҷтимоии миллати тоҷик мебошад.

Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистон аз хатари парокандагӣ раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузошт. Давлат таҳким ёфт, иқтисодиёт рушд кард, худшиносии миллӣ эҳё гардид ва обрӯи байналмилалии кишвар боло рафт.

Ҳамакнун рисолати ҳар як шаҳрванди ватандӯст аз он иборат аст, ки ин дастоварди муқаддасро ҳамчун гавҳари бебаҳои давлатдорӣ ҳифз намояд ва онро ба наслҳои оянда мерос гузорад. Зеро ваҳдати миллӣ танҳо дастоварди дирӯз нест, балки кафолати фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Қутбиддин МУҚИМЗОДА,

муовини ректори ДДМИТ оид ба илм ва инноватсия