НАҚШИ ОСОРХОНАҲО ДАР ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ МИЛЛӢ
Осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ ба шумор рафта, дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанги миллат нақши бузург доранд. Маҳз тавассути осорхонаҳо насли имрӯзу фардо бо мероси ғании ниёгон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои таърихии кишвар ошно мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти осорхонаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои илмию фарҳангӣ на танҳо ашёҳои таърихиро нигоҳ медоранд, балки корҳои тадқиқотӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои маърифатиро низ баргузор менамоянд.
Дар ин замина, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус доранд:
«Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди Ватан мебошад.»
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар самти ҳифз ва арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангии халқ бозгӯ менамоянд. Осорхонаҳо ҳамчун махзани таъриху тамаддуни миллӣ дар татбиқи ин рисолати муҳим нақши муассир дошта, барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамасола 18 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш меҳмонони дохиливу хориҷӣ, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, муҳаққиқон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг иштирок намуданд.
Дар доираи ҷашн намоиши махсуси осори таърихӣ ва фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Иштирокчиён бо ганҷинаҳои таърихии миллат, намунаҳои нодири мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои таърихии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик аҳамияти калон доранд.
Дар замони муосир зарур аст, ки фаъолияти осорхонаҳо бояд боз ҳам густариш ёфта, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши таърих, ташкили намоишгоҳҳои мавзӯӣ, рақамикунонии фонди осорхонаҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонанд дар пешрафти минбаъдаи ин соҳа саҳми назаррас гузоранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи мероси фарҳангӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад. Осорхонаҳо ҳамчун ганҷинаи хотираи миллат моро ба гузашта мепайванданд, имрӯзро ғанӣ мегардонанд ва барои оянда мероси гаронбаҳо ба ёдгор мегузоранд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии фаъолияти осорхонаҳо омили муҳими ҳифзи ҳувият, фарҳанг ва тамаддуни миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Фаррух МУМИНОВ,
мудири осорхонаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng