МАҚОМИ ЗАНОНУ ЗАБОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
“Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва макону мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанўз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст. Истиқлолият боз масъулияти бузургеро ба дўши мо мегузорад: масъулият барои ҳифзи истиқлолияти хеш, барои ватандорӣ ва наслҳои оянда. Ба ибораи дигар, истиқлолият нангу номус ва ҳисси ватандориро тақозо мекунад”.
Аз суханони Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН
Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ин сана барои тамоми миллати тоҷик ҷашни муқаддасу пуршукуҳ маҳсуб меёбад. Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баробари муқаддасоти миллӣ аз ҳар як фарди бонангу номус нерӯи тавони эҷодӣ ва афзоиши донишу кори фикриро тақозо дорад. Тамоми мардуми сарзамини маҳбуби мо имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 35 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори асосии истиқлолият ва давлатдории навинамон гузошта шуда, он марҳила ба марҳила қомати худро устувор намуд, ки ин ҳам бошад, ба шарофати ҳадяи илоҳист, ки ӯ ба халқи тоҷик Пешвоеро ҳадя намуд, то дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷиконро муаррифӣ намуда бошад.
Боиси ифтихор ва хурсандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш мақому манзалати занро баланд бардошта, барои пешбарии онҳо ба вазифаҳои мансабӣ таъкид менамоянд. Сарвари кишвар талаб менамоянд, ки сафи духтарон ва бонувон дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷамъиятӣ зиёд карда шавад. Бад-ин васила бо фармони сарвари давлат квотаҳои президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст пешбинӣ шудааст, ки онҳо аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат болидарӯҳ гардида, ба макотиби олии кишвар дохил шуда, дониши худро сайқал дода истодаанд.
Ногуфта намонад, ки зани тоҷик яке аз беҳтарин занони дунё аз нуктаи назари одоб, ҳунар, ҳусн, маданият ва одоби муошират мебошад. Занҳо дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар бо мардон баробарҳуқуқ мебошанд ва байни мардум аз обрӯву эҳтироми хоса бархурдоранд.
Дар тамоми сохторҳо занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият мекунанд, ки ин боиси ифтихору сарфарозист. Зан- модар, зан- ҳамсар, зан-омӯзгор, зан- табиб, зан- роҳбар зери ин мафҳум мо як ҷаҳон маъниро дарк мекунем, ки як зан метавонад бори зиндагиро дар оила бо латофату назокати занона ва ҳамзамон, дар коргоҳ як роҳбари муваффақ бошад. Маҳз ба шарофати ғамхории Пешвои миллат буд, ки тӯли 35 соли истиқлолият ятимони кул сарпаноҳ ва падари ғамхорро дар симои ин шахси некӯкор ва некандеш пайдо намуданд.
Сарфарозии мардуми мо ба корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагӣ дорад.
Сарвари кишвар мақоми забонро низ воло ҳисобида, бузургдошти онро дар ҳамаи чорабиниву вохўриҳо бо ҷавонон таъкид менамоянд. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти тамаддуни орёӣ 8 сентябри соли 2006 Президенти кишвар қайд намуданд, ки «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳом миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ѓанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».
Бо ибтикори Пешвои миллат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ки ин барои боз ҳам хуб намудани сатҳи зиндагии занони хонашин, ки аз ҳунарҳои мардумии ниёгонамон бархудоранд, аммо бо мурури замон ва набудани шароити хуби иқтисодӣ ин гуна ҳунарҳо аз байн зудуда мешуданд. Боиси хушнудист, ки дар даҳ соли охир ҷойҳои кории доимӣ муавққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 415 нафар ба ҷойхои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки 30% онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳар як гӯшаву канори кишвари маҳбубамон корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ва ба истифода дода шуданд, ки ин ҳам бошад занону духтарони хонашинро ба кор ҷалб шуданд. Ҳазорон занони хонашин бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда, ба ҳунарҳои мардумӣ пардохтанд. Имрӯз атласу адраси тоҷикӣ тамоми ҷаҳонро тасхир намуда, намояндагони дигар миллатҳо либосҳои миллии моро бо ҳавас мепӯшанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли оянда – солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба кишвари туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бойи сайёҳӣ мебошад.
Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Занону бонувон муаррифгари либосҳои миллии халқамон буда, аз чумла либоси чакан низ моломоли ҳикмату фалсафа аст. Чакандўзӣ кори саҳлу осон нест. Сабру таҳаммул, тоқат ва бурдбориро талаб мекунад, ки ин як навъ тарбияи меҳнатист, ки ҳар як зани куҳистонӣ нозукиҳои кори худро эҳсос ва дарк мекунанд. Сониян, дар чакандўзӣ интихоби нақшу нигор, шинохти рангҳои мувофиқ ва мутаносибан ҷобаҷогузории нақшу нигорҳо ҳунару истеъдод ва завқи баланди зебоишиносиро тақозо менамояд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат– муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Оила саодати зиндагист, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули оилаи солим ва нақши он дар пешрафти давлат ва тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, иброз намуданд, “.... Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷанбаи ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”.
Дар кишвари маҳбубамон зиёд оилаҳое ҳастанд, ки аз сабаби камсаводиву бесаводӣ ва надонистани ҳуқуқҳои худ оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд. Ин боиси нигаронист, ки баъд аз пош хурдани оилаҳои ҷавон бонувон ба хонаи падарӣ бармегарданд, аммо дар шарити хонаводаги нохубу ноустувори хонаводагӣ фарзандони худро хуб тарбия ва саводнок карда наметавонанд. Дар ин бобат ғамхории Пешвои миллат басо саҳми арзадаеро ҷойгузин мебошад, барои чунин бонувон мактабҳои шабонаву фосилавӣ пешбинӣ шудааст, ки онҳо метавонад дониши худро сайқал дода, сатҳи зиндагиашонро беҳтар намоянд. Ин аллакай шаҳодат аз он медиҳад, ки дар тули ин истиқлолияти ҷавон чунин оилаҳо кам ба назар мерасад.
Истиқлолият зиндагии мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназиру сайёҳӣ, бемислу монанд ва макони тамошоҷойи меҳмонони хориҷӣ табдил дод.
То имрӯз дар муддати 35 –соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ба пешравиҳои бузург ноил гардид.
Мо худ шоҳиди онем, ки солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонон гаштаанд. Дар ин самт ҳам заҳмату меҳнати занони меҳнатдӯст ба назар мерасад ин ҳам бошад шаҳодат аз он медиҳад, ки занони тоҷик зебопарасту зебоофаринанд.
Шукргузор аз ин давлату миллат бояд буд, ки дар тӯли ин солҳои пурҳаводис сарзамини азизу маҳбубамон ба як гулбоғи адабу маърифат мубаддал гашта, гулгашту хиёбонҳояш назаррабост.
Манзура ҲАСАНОВА,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ
Тоҷ
Рус
Eng