Дар таърихи ҳар як халқу миллат рӯйдодҳои сарнавиштсозе мавҷуданд, ки аҳамияти онҳо бо гузашти замон коҳиш наёфта, баръакс, барои таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ соҳиби чунин рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки дар радифи Рӯзи истиқлоли давлатӣ қарор дошта, бо номи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.  

Агар 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гардида бошад, пас 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои воқеии таҳкими истиқлолият фароҳам омада, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дар саҳифаҳои навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад.

Ҳар гоҳ сухан аз Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва созандагӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки оғози музокироти сулҳ ва раванди барқарорсозии суботи сиёсӣ бо фаъолияти пайгирона ва иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим дорад.

Ин фарзанди фарзонаи миллат дар яке аз душвортарин давраҳои таърихи навини Тоҷикистон зимоми роҳбарии давлатро ба даст гирифта, тамоми неру ва имкониятҳои худро барои барқарор намудани сулҳу оромӣ сафарбар намуд. Дар натиҷа, ӯ на танҳо меъмори сулҳи тоҷикон, балки кафили суботу амнияти ҷомеа гардид ва ҳамчун яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии муосир эътироф шуд.

Дар оғози фаъолияти роҳбарии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди масъулият изҳор намуда буданд: «Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини азияткашидаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагиву ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба воситаи он баргардонидани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст».

Ин суханон далели равшани онанд, ки роҳбари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ муайян намуда буданд.

Бозгашти беш аз 1 миллион гуреза ба Ватан яке аз марҳилаҳои муҳимтарини раванди сулҳофарӣ ба ҳисоб мерафт. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат шароити муносиб барои бозгашти онҳо муҳайё гардида, раванди барқарорсозии ҳаёти осоишта оғоз ёфт.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, ки 27 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оѓози марҳилаи рушду нумўи миллати тоҷик гардид ва эҷодгари он Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ касб намуд.

Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи он гардид: «Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти неку виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рўи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рўёнд».

Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз Давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии ўст, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, дида тавонистани мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардондани тадбирҳое, ки барои ташаккул ва инкишофи як давлати муосир хосанд, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.

Дар фосилаи аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар қаламрави кишвар муҳити тозаву созанда ва ояндасозу пешбаранда фароҳам омад. Самараи бевоситаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баръало мушоҳида мегардад. Дар солҳои истиқлол ва махсусан баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳои стратегӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Ҳамзамон, даҳҳо неругоҳҳои барқи обӣ сохта шуда, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба таҳкими истиқлолияти энергетикии мамлакат замина гузошт. Дар соҳаи маориф садҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёду азнавсозӣ гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф гардид. Ин ҳама дастовардҳо маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ амалӣ гардиданд.

Ҳамасола шаҳрвандони кишвар санаи 27-уми июнро ҳамчун як рӯзи муқаддас ҷашн гирифта, шукронаи ваҳдату оромӣ ва тинҷиву амният мекунанд. Ба андешаи мо таҷлили бисту нуҳумин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ такони азиме дар худшиносиву худогоҳии миллат медиҳад ва ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва бобарори Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фардои дурахшони ин сарзамин фарзандона ва садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

Ҳақиқатан ин ҷашн ба як ҷашни мардумӣ табдил ёфта, дар қалби мардум ҷой гирифтааст. Мардуми ҷангдидаи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки Ваҳдати миллӣ неъмати ноёбест, ки Худованди бузург ба мо ато кардааст ва онро чун гавҳаракаи чашм нигоҳ медоранд. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар замони соҳибихтиёрӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Гарчанде имрӯз мо соҳиби сулҳу субот ҳам бошем, лекин бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва бунёди ҷомеаи пешрафта қадамҳои устувор мегузорад, аҳамияти Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ваҳдат барои мардуми тоҷик дар баробари дастоварди таърихӣ маҳсуб ёфтан, пояи давлатдорӣ, шарти пешрафт ва кафили зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

 

Далер САНГИНОВ,

муаллими калони кафедраи

фанҳои гуманитарии ДДМИТ