ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ШИНОХТИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон аст. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат кишвари мо ба сӯи рушд ва пешрафт қадамҳои устувор гузошт. Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Миллати тоҷик, ки яке аз шохаҳои бузурги қавмҳои ориёӣ ба шумор рафта, дар тамоми тӯли таърих ба ваҳдат ва ҳувияти муштараки фарҳангӣ такя намудааст. Таърихи беш аз ду ҳазору панҷсадсолаи давлатдорӣ ва фарҳангсозии тоҷикон, аз Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён то давлати миллии Сомониён, давраи эҳёи миллӣ дар аҳди Темуриён ва ниҳоят рӯзгори муосир далолат бар он мекунад, ки ваҳдати миллӣ ҳамеша ҷавҳари ҳастии давлат ва сарҷамъии мардуми тоҷик будааст.
Дар ҷомеаи имрӯза Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърих барои мардуми тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбӣ ва ифтихори давлатдорӣ ворид гардид. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик яке аз санаҳои фархунда бо саҳми сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисод ва зиндагии шоистаи кишвар ва масъулияти дастҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст.
Тавре медонем, аз замони ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи соҳибистиқлол шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ рушд ёфта, миллати тоҷик дар дунёи имрӯз соҳиби сарҳади миллӣ, забони модарӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Парчам ва пеш аз ҳама, ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ гардида, дар давраи кутоҳ шодиву масрур дар дили хурду калон ҷой гирифта, бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат таърихи гузаштагон эҳё гардида, ифтихори ватандорӣ асоси зиндагии миллати тоҷик гардидааст.
Сулҳу ваҳдат ва дӯстии тоҷикон дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад, сабру таҳаммул ва боҳикматии гузаштагонамон ва умуман, миллати тоҷик мебошад. Дарвоқеъ, имрӯзҳо таҷрибаи сулҳпарварию сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми дунё намунаи ибрат гардидааст. Дар ин ҷода, эътирофу эҳтироми миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуд.
Маҳз ҳамин ваҳдат буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тавонист дар мудати кутоҳ аз як давлати осебпазир ба кишвари дорои амният ва истиқлоли мустаҳкам табдил ёбад.
Имрӯз кишвари мо вориди марҳилаи нави рушди стратегӣ гардида, дорои неруи воқеӣ барои ҳамсаф шудан бо кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошад. Ин ояндаи дурахшон на танҳо ба хотири манобеи табиии фаровон, ҷойгоҳи географӣ ё захираҳои инсонӣ, балки пеш аз ҳама, бо иродаи сиёсии устувор, сиёсати оқилонаи дохилӣ ва ҳадафмандии миллӣ асос ёфтааст.
Сиёсати давлат дар замони муосир ба рушди илм, маориф, технология ва захираҳои зеҳнии инсон ҳамчун захираи муҳимтарин такя мекунад. Дар ин раванд, Пешвои миллат дар ҳар як баромад ва паёмҳояшон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳукумати кишвар низ пайваста аз рушди илму маориф ҳамчун шарти бунёдии пешрафти миллӣ пуштибонӣ мекунад. Мавҷудияти Консепсияи миллии рушди маориф, Барномаи ислоҳоти таҳсилот, Стратегияи рақамикунонии таҳсилот ва Стратегияи миллии рушди захираҳои инсонӣ аз иродаи қавӣ дар самти омӯзиши зеҳнӣ ва ташаккули миллате хирадманд шаҳодат медиҳад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои пешрафта ба рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ такя мекунанд, Тоҷикистон низ метавонад бо риояи равишҳои устувори сиёсӣ ва рушди кадрҳои соҳибихтисос ба қатори кишварҳои инноватсионӣ ҳамроҳ гардад. Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи технологияҳои сабз, рушди иқтисоди сабз, таҳкими истихроҷ ва коркарди манобеи табиӣ, омодасозии насли нави соҳибкасб ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисоди рақамӣ низ дар меҳвари барномаҳои рушди миллии оянда қарор доранд.
Ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар он таҷассум ёфтааст, ки бо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истифодаи илм ва захираҳои зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии кишвар ба як маркази нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Ин ҳадаф тавассути боло бурдани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва таҳкими нақши илму маориф амалӣ мегардад.
Дар ниҳоят, миллати тоҷик, ки дар гузашта дар бунёди тамаддуни башарӣ саҳми бузург дошт, имрӯз низ бо такя ба фарҳанги бостонӣ, хиради сиёсӣ ва иродаи миллии худ метавонад ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Барои расидан ба ин ҳадаф тавсеаи стратегӣ, рушди устувори иқтисодӣ, тарбияи кадрҳои муосир, таҳкими илм ва ҷалби технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои бетағйир маҳсуб мешаванд.
Вобаста ба ин, аз донишҷӯёну ҷавонони даврони соҳибистиқлол даъват ба амал меорем, ки пеш аз ҳама, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расанд, аз имкониятҳо ва шароитҳои имрӯз баҳрабар гардида, ба боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор ва саҳми худро дар пешрафти Ватан гузоранд.
Умарзода Наврӯз Нурулло,
декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng