ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ УСТУВОРИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
Воқеан, агар мо дурбинона назар афканем, мебинем, ки ваҳдати миллӣ барои расидан ба сулҳу дӯстӣ, якдиливу ягонагӣ, дӯст доштани ватану миллат замина фароҳам овард. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваҳдати ягона гардид.
Андешаи ваҳдат на танҳо дар заминаи сиёсат ва ҳукумат, балки дар заминаи фарҳанг, ба ахлоқи иҷтимоӣ низ густариши амиқ доштааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ҳамеша аз ваҳдати миллат, забон, кишвар ва ҳувият дифоъ мекунад. Саъдӣ дар “Гулистон” ва “Бӯстон” аз ваҳдати инсонӣ ва иҷтимоӣ мегӯяду Ҷомӣ аз ваҳдати вуҷудӣ ва ирфонӣ сухан мегӯяд. Дар таълимоти ирфонӣ, ваҳдат зинаи олии худшиносӣ ва расидан ба маърифати илоҳӣ дониста мешавад.
Мутаассифона, миллати тоҷик дар охири асри XX дар пайи пошхӯрии давлати Шуравӣ ва бенизомии идеологию сиёсӣ ба гирдоби як ҷанги фоҷиабор афтод. Ин ҷанг, ки натиҷаи омилҳои мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва геополитикӣ буд, боиси талафоти ҷонӣ ва маънавӣ гардида, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардиданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд ва тамоми низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар фалаҷ гардид.
Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз, фарзонафарзанде аз миёни халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад ва бо иродаи қавӣ, хислати сулҳдӯстӣ ва маърифати баланди сиёсӣ иқдоми бузурги таърихӣ пеш гирифт. Бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам!”, ӯ на танҳо ҷони худро дар гарав гузошт, балки тамоми неруи сиёсиву дипломатӣ ва маънавии худро равона сохт, то миллатро аз фоҷиаи ниҳоӣ наҷот диҳад.
27 июни соли 2026 29-солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн барои миллати тоҷик рамзи эҳёи дубораи давлатдорӣ, пояи истиқлоли миллӣ ва нишони хирадмандии як халқи таърихсоз мебошад. Аз дидгоҳи илми иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ танҳо тавассути ду омил устувор мемонад: худшиносии таърихӣ ва таҳаммулгароии иҷтимоӣ.
Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳон рӯ ба ҷудоӣ ва ҷангу низоъ дорад, таҷрибаи ваҳдати тоҷикон на танҳо барои худи миллат, балки барои тамоми башарият паёми умед ва намунаи хираду таҳаммул аст.
Дар ин фазо гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, бо афкори мутазод ва бидуни низоми ягона барои соҳиб шудан ба қудрат вориди бархӯрд шуданд. Ҷанг на танҳо ҷони беш аз 150 ҳазор нафарро гирифт, балки ба системаи омӯзиш, иқтисод, фарҳанг ва худшиносии миллӣ зарбаи сахт зад. Насли пурқуввату фаъоли кишвар, ки бояд заминаи созандагии давлати нав мешуд, аз таҳсилу рушд маҳрум гашт ва аксаран ба муҳоҷират, ҷудоӣ ва парешониҳо рӯ овард.
Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун як зарурати таърихӣ зуҳур кард ва ба як шиори сарнавиштсоз табдил ёфт. Дидгоҳи таҷрибавии таърих ва таҳлилҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ҷомеаҳои баъдиҷангӣ танҳо тавассути ваҳдат, музокира, гузашт ва тафоҳум метавонанд ба сӯи барқарории субот ҳаракат намоянд. Таҳлили таҷрибаҳои таърихии давлатсозии тамаддунҳои ориёинажод ва тоҷикию форсизабон нишон медиҳад, ки ҳар вақте ҷомеаҳои онҳо дар муқобили хатарҳои бузург қарор мегирифтанд, роҳбарони дорои ҳиммати таърихӣ ва хиради фарҳангӣ зуҳур мекарданд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо миёнаравии ҷонибҳои хориҷӣ ва бо иродаи самимии тоҷикон ба амал омад, на танҳо ба ҷанг хотима бахшид, балки оғози як марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардид. Ин созишнома на фақат ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади ахлоқӣ ва сиёсие буд, ки бар асоси фалсафаи ваҳдат, эҳтироми тарафайн ва гузашти миллӣ таҳия шуд.
Аммо, таҷрибаҳои сулҳ нишон медиҳанд, ки сулҳ бо имзои санад оғоз меёбад, на анҷом. Барои таҳкими он тадбирҳои амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур буданд.
Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд, аз ҷумла:
- барқарорсозии инфрасохтори харобшуда, аз ҷумла роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои ҳокимият, ки бевосита ба барқарории ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат карданд;
- бозгардонии беш аз як миллион гуреза ва муҳоҷир, ки яке аз мушкилтарин равандҳои пасоҷангӣ ба шумор мерафт;
- институтсионализатсияи ваҳдат, ки дар мисоли таъсиси Комиссияи оштии миллӣ, таҳияи қонунгузории муътадил ва ворид кардани неруҳои мухолиф ба ҳаёти сиёсӣ зуҳур кард;
- татбиқи сиёсати таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ, ки дар асоси принсипҳои озодии виҷдон, фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои мустақил пиёда гардид;
- тақвияти қонунмандӣ ва ҳокимияти қонун, ки барои ҷилавгирӣ аз эҳёи ҷанҷолҳои сиёсӣ ва барқарории адолат замина гузошт;
- рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки тавассути барномаҳои сармоягузорӣ, ҷалби кишварҳои дӯст ва таъсиси инфрасохтори навин амалӣ гардид.
Имрӯз, бо гузашти беш аз 29 сол аз оғози сулҳ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва амн дар минтақа шинохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат имрӯз на танҳо рамзи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон, балки намунаи пешвои сиёсӣ дар низоъҳои муосир дониста мешавад.
Имрӯз вазифаи насли наврас, донишмандон ва ҷомеаи академикӣ он аст, ки мероси ваҳдатро ҳифз намуда, онро дар шаклҳои нави илмию амалӣ таҳия ва густариш диҳанд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва шахсияти Пешвои миллат ҳамчун намунаи “дипломатияи миллӣ ва ваҳдати арзишманд” бояд дар меҳвари таҳқиқоти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор гирад.
Ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар он таҷассум ёфтааст, ки бо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истифодаи илм ва захираҳои зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ кишвар ба як маркази нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Ин ҳадаф тавассути боло бурдани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва таҳкими нақши илму маориф амалӣ мегардад.
Алишер РАҲИМӢ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng