ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ҶОМЕА
Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, роҳи рушди устувор ва бунёдкориро пеш гирад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, барои таҳким ва пойдории он саҳми арзандаи худро гузорад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи андеша ва хулосабарорӣ аз роҳи тайнамудаи миллат мебошад. Бояд таҳлил намоем, ки дар гузашта дар кадом вазъ қарор доштем, имрӯз ба чӣ дастовардҳо ноил гардидаем ва дар оянда ба кадом ҳадафҳо хоҳем расид. Гарчанде дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир пешгӯии дақиқи фардо осон нест, аммо вақте ки имрӯз сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар ҷомеа ҷой доранд, метавон ба ояндаи дурахшони давлат ва миллат боварӣ дошт.
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад. Бе сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳеҷ давлат наметавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ мусоидат менамоянд. Аммо танҳо мавҷудияти қонунҳо кофӣ нест, балки татбиқи амалии онҳо ва эҳтиром ба волоияти қонун аз ҷониби ҳар як шаҳрванд аҳаммияти ҳалкунанда дорад.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд дорои маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бошад, ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстиро дар худ тақвият бахшад ва дар роҳи пешрафти давлат фаъолона саҳмгузор бошад. Миллате, ки ба қадри сулҳу амонӣ ва истиқлолияти худ мерасад, метавонад ҳамчун миллати мутамаддин ва ваҳдатофар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад. Ин ҷанги бемаънии бародаркуш, ки дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои дохилӣ ва дахолати неруҳои манфиатдори хориҷӣ ба вуҷуд омад, ба кишвар талафоти бузурги ҷонӣ ва молӣ расонид.
Хисороти иқтисодиро метавон бо заҳмату талошҳои чандинсола ҷуброн кард, аммо дарду доғи аз даст рафтани ҷони ҳазорон нафар ҳамватанон ҳаргиз аз хотираи миллат фаромӯш нахоҳад шуд. Солҳои аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз буданд. Вазъи сиёсӣ рӯз аз рӯз мураккабтар гардида, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеӣ ба назар мерасид.
Ин воқеаҳои талх барои ҷомеаи Тоҷикистон дарси бузурги таърихӣ гардиданд. Онҳо нишон доданд, ки танҳо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии мардум метавонанд давлатро аз хатари парокандагӣ ва нобудӣ наҷот диҳанд.
Дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, барои барқарор намудани сулҳу субот ва ҳифзи давлатдории миллӣ талошҳои бузург анҷом доданд. Маҳз иродаи қавии сиёсӣ, дурандешӣ ва ватандӯстии Пешвои миллат имкон дод, ки раванди сулҳофарӣ амалӣ гардида, ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор шавад.
Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ раҳо гардида, ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Имрӯз кишвар дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин пешрафтҳо натиҷаи мустақими сулҳу ваҳдат ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошанд.
Хизматҳои арзишманди Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа боис гардиданд, ки ӯ дар дилу дидаи мардум ҳамчун роҳбари миллӣ ва меъмори сулҳу ваҳдат ҷойгоҳи махсус касб намояд.
Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ кишвари мо аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, ба роҳи рушди устувор қадам гузошт. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ моро водор месозад, ки ҳамеша барои ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ талош намоем.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар атрофи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлат ва сиёсати созандаи кишвар муттаҳид гардида, барои пешрафт ва шукуфоии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад. Танҳо дар ин сурат метавонем ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати муқаддас ҳифз намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи обод, пешрафта ва осоишта мерос гузорем.
Нигина ҚАРАХОНОВА,
муаллими кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng